10 ноябр дар доираи ташаббуси марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2019-2021, ҷалби сайёҳон, муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар яке аз мехмонхонаҳои ал-Кувайт Форуми сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар форуми мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба суолҳои хабарнигорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар Форуми мазкур муовини Вазири иттилооти Кувайт Муҳаммад Юсуф Мустафо Абдулло, намояндагони ВАО ва ширкатҳои гардишгарӣ иштирок намуданд.