Санги тақвими офтобӣ дар деҳаи Ямг

Санги тақвимӣ дар деҳаи Ямг дар масофаи 500-600 метр аз тарафи чапи роҳи мошингарди Хоруғ- Лангар дар самти шимолу ғарб дар баландии 2805 метра аз сатҳи баҳр љойгир аст. мебошад. Деҳаи Ямг аз маркази шаҳри Хоруғ дар масофаи тақрибан 180 км дуртар, ва аз маркази ноҳия 80 км ҷойгир аст. Ин санг аз тарафи донишманди маъруфи Бадахшон Мубораки Вахонӣ (1833-1903) барои муайян кардани фарорасии иди Наврўз гузошта шудааст. Нобиғае чун Мубораки Вахонӣ тамоми умри худро аз соли 1842 то 1902 дар зодгоҳаш деҳаи Ямг ба омӯхтани илму дониш ва ихтикорӣ гузаронидааст. Осори шоири ва олим аз анъанаи илмомузӣ ва равнақи ҳунармандӣ дар миёни мардуми Бадахшон маълумоти бештаре барои саёҳону муақиқон медиҳад. Санги тақвими суфӣ Муборакқадам аз чор нишонасанги пайи ҳам қатор иборат аст, ки ба тарафи офтобнишин дар масофаҳои гуногун гузошта шудаанд. Санги якум дар назди хонааш гузошта шудааст, ки он дар худ сўрохӣ дорад ва «офтоббин» ном дорад.

Бо наздик омадани ҷашни Наврўз ҳангоми ғуруби офтоб одамон дар назди санги «офтоббин» ба зону нишаста тавассути сўрохиаш ба тарафи офтоб нигоҳ мекунанд. Ба воситаи сўрохии ин санг ба сангҳои дуюм, ки дар шакли тирезача дар теппа монда шудаанд ва «ҳамалхона» ном доранд назар меандозанд. Тавассути сўрохии ин тирезача ба сангҳои сеюм «дарвоза» (ки аз ду санги рост истода иборатанду 5 метр дуртар ҷойгиранд) ва чаҳорум, ки «чилласанг» ном дорад, дар масофаи 200 метр ҷойгир аст нигоҳ мекунанд. Дар он фосилае, ки офтоб аз хатти рости шикофиҳои офтоббин, ҳамалхона ва дарвоза мегузарад, мефаҳманд, ки Наврўз фаро расид».

Маконҳои Саёҳӣ дар Ямг

Дар Ямг инчунин дар баробари сангҳои тақвимӣ аз Мубораки Вахонӣ ёдгориҳои дигар аз қабили хонаи истиқоматӣ, чиллахона, осорхона боқӣ мондаанд. Дар осорхонаи Мубораки Вахонӣ аксарияти осори ў, асбобу анҷоми рўзгори қадимии сокинони Ямг, бозёфтҳои бостонӣ ва ғайра ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ин осорхона зиёда аз 550 нигора маҳфуз аст. Осорхона аз якчанд қисмат иборат аст: Якум чиллахона, ки дар онҷо Мубораки Вахонӣ чилланишинӣ кардааст, яъне дар муддати 40 шабонарўз тоату ибодат кардаст. Дуюм пешвози хона, ки даромадгоҳ ва шифти он кандакори шудааст ва катибаҳ (навиштаҳо) дорад. Қисми сеюи даҳлез аст дар инҷо қисме аз нигораҳо бозёфтҳои архелогӣ ҳастанд, ки бошандагони ин деҳа аз маҳалӣ худ ёфтаанд.

Бинои асоси ин хонаи Бадахшони дар дарун мебошад. Қисми зиёди нигораҳо, асбобу анҷоми рўзгори қадими мардум нигораҳои этнографӣ аз қабили дастгоҳӣ гилембофӣ, дастгоҳи палосбофӣ, асбобу анҷоми шикорчиён, чорводон, зироаткорон, ҳунармандон ва ғайра дар ин ҷо ҷамъоварӣ шудаанд. Дар осорхона ҳамчунин либоси анъанавӣ ва ороишоти занона ба намоиш гузошта шудааст. Дар як гўшаи осорхона китобу навиштаҳо, дастхатҳои хатти Мубораки Вахонӣ ки бо хати хеле зебо ва хоно навишта шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ин гўша ҳамчунин навиштаҳои Мубораки Вахонӣ оид ба солшуморӣ, тақвими мардумӣ, асбобҳои мусиқӣ, ва тақвими Мубораки Вахонӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудаанд.

Хона хеле хуб бо маҳорати хоса нақшу нигор карда шудааст. Аз ҳама ҷоллиб дар ин хона асббоҳои мусиқии Мубораки Вахонӣ ҳастанд, ки бо дасти муборакаш тайёр карда шудаанд. Яке аз ин рубобҳо рубоби 12 мақома аст, ки аз 12 тор иборат аст ва ба шакли одам тайёр карда шудааст.

Аксҳо

Роҳҳои расидан ба деҳаи Ямг

Деҳаи Ямг дар роҳе ки Хоруғро ба ноҳияи Ишкошим пайваст менамоянд ҷойгир аст. Ба деҳа бо мошинҳои мусофиркаш аз маркази вилоят шаҳри Хоруғ, ва аз маркази Ишкошим расидан мумкин аст. Фаъолиятҳои сайёҳӣ дар деҳаи Ямг аз тамошои санги тақвимӣ, хонаҳои осорхонаи олим, сайругашт дар деҳа дар сохили дарёи Панҷ ва тамошои манзараҳои сарҳад ва водии Вахонро иборат аст. Зиёрати мазорҳо дар деҳаи Ямг, истироҳат дар хонаҳо, тамошои рақсу бозӣ фароғати сайёҳонро дучанд менамоянд.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Пули Сангин»

“Пули сангин” яке аз беҳтарин пансионатҳо ва истироҳатгоҳҳои боҳашамати Тоҷикистон аст, ки дар соҳили дарёи Вахш, дар манзараи хеле зебои кишвар ҷойгир аст. Осоишгоҳ номи

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Меҳргон

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб меравад ва бо зич пайваста аст. Агар Наврӯз ин рӯзи баробаршавии

Муфассалтар »