Меҳргон

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб меравад ва бо зич пайваста аст. Агар Наврӯз ин рӯзи баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ бошад, Меҳргон ин баробаршавии шабу рӯз дар тирамоҳ ва ҷашни фаровонию ҷамъоварии ҳосилот мебошад.

Иди Меҳргон сарчашмаи худро аз давраҳои то мелодӣ мегирад. Бостоншиносон дар шаҳри қадимаи Панҷакент тасвири девориеро кашф кардаанд, ки ба асрҳои VI-VII таалуқ дорад ва дар он деҳқон ва ҷамъоварии гандум ба ҷуволҳо нақш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон ин ид дар соли 2009 аз нав таъсис ёфта ба сатҳи ҷашнҳои миллӣ баробар гардонида шудааст. Дар ин рӯз боғу гулгаштҳо бо дӯконҳои пур аз меваю сабзавоти тару тоза пур мешаванд, таъомҳои анъанавӣ тайёр карда мешаванд ва мардум бо либосҳои миллӣ дар бар ба рақсу бозӣ ҷашн мегиранд.

Меҳргон фурсате аҷибест то Тоҷикистонро боздид намуда ба муҳити фарҳанги бозинат ва таърихи қадими халқи тоҷик ғарк гардед. Бештар аз он, ин имконияти хубест аз табиати зебои тирамоҳии манзиламон ҳаловат бурда ҳосилоти нави тару тозаро бичашед.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Сатурн»

Осоишгоҳи нави «Сатурн» дар деҳаи Шамбари ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2015 ба истифода дода шуд, ба табобати бемориҳои узвҳои меъдаю рӯда, бемориҳои

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Hyatt Regency Dushanbe 5*

Ин меҳмонхонаи боҳашамати 5-ситорадор дар соҳили кӯли Комсомол дар маркази Душанбе, ҳамагӣ 10 дақиқа аз фурудгоҳ ва дар наздикии ҳама сафоратхонаҳо, идораҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо

Муфассалтар »