Ҳафткӯл

Дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, дар дараи дарёи Шинг, дар қисми шарқии кӯҳҳои Фон силсилаи аҷибе иборат аз ҳафт кӯли Марғузор ҷой гирифтааст.

Кӯли ҳафтуми ин силсила номи Ҳазорчашмаро гирифтааст во бародарони он дар натиҷаи афтиши сангтӯдаҳо ба вуҷуд омадаанд. Ҳар яке аз кӯлҳо бо дарёчаи шӯху тезоб ба ҳам пайваст шудаанд, ки бо зебогию тозагии худ шахсро дар аҷаб мегузорад.

Кӯлҳои Марғузор дар тӯли тамоми дарёи Шинг дар баландии аз 1600 то 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Онҳо дар табиати пайдоиши ярчиро доранд, ки миллионҳо сол пеш дар натиҷаи заминларзаву селу обшавии пиряхҳо ба вуҷуд омадаанд.

  • “Миҷгон” – аввалин кӯл дар ин силсила буда дар баландии 1640 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он марвориди тамоми ҳафтгона мебошад. Он на он қадар калон буда, оромона дар иҳотаи зичи куҳҳо хоб аст ва шакли мижгони бонуро дорад. Оби он, ки дар ҳавзи чуқур ҷойгир аст ба мисли шишаи шаффоф аст, рангаш бошад доим ранги худро, вобаста аз вақти рӯз ва вазъи обу ҳаво, тағир медиҳад. Он метавонад фирӯзаранг, бунафшаранг, кабуд, ва ҳатто дар насими ғуруб, метавонад ранги бургундиро гирад. Ин аз сабаби он мебошад, ки дар таркиби оби ин кӯл аз маъданҳои хоса сероб мебошад. Ин маъданҳо дар таркиби дигар кӯлҳои ин силсила низ вуҷуд доранд.
  • “Соя”. Роҳи кӯҳӣ аз тӯдаи кӯҳи гузашта сайёҳонро ба дуввум кӯли ин силсила бо номи муаммои Соя меорад. Баландии он 1740 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад, рангаш бошад аз кабуди паст то кабуди баланд метавонад ҷило диҳад. Дар оби шаффофи он сангҳои қаъри кӯл озодона аён мегарданд ва метавонанд вобаста аз вақти рӯз ранги худро иваз кунанд. Номи худро ин кӯл аз он сабаб гирифтааст, ки он чурон бо куҳҳои баланд зич иҳота гардидааст, ки нурҳои офтоб ҳанӯз нметавонанд сатҳи онро дастрас шаванд.
  • “Ҳушёр”. Он дар масофаи 1 километр аз кӯли дуввум ҷойгир аст, ва баландиаш 1770 метрро аз сатҳи баҳр ташкил медиҳад. Аз назди ин кӯл маршрутҳои асосии сайёҳии пиёдагарди ва велосипедӣ оғоз мегарданд.
  • “Нофин”. Дар баландии 1820 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ин кӯли дарозтарини ин ҳафтгона мебошад. Дарозии он 2 километр буда, бараш 400 метрро ташкил медиҳад. Ранги оби он бо тамоми ҷилваҳои ранги сабз мавҷ зада то ба ранги фирӯзаранги тоза мерасад. Тахминан дар нисби роҳи ин кӯл чакалае ҷойгир аст, ки ба ин минтақа хоса нест. Дар соҳилҳояш хобгоҳу меҳмонхонаҳо, сукунат ва мактабча ҷойгиранд.
  • “Хурдак”. Кӯли панҷум дар баландии 1870 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, болотар аз қишлоқи Падруд. Ин кӯли майдатарини ҳафтгона буда, бинобар ҳамин чунин ном гирифтааст. Дар инҷо аҳолии бениҳоят инсондӯст сокинанд, ки аз омади сайёҳҳон ҳамеша хушҳоланд. Аз ин ҷо роҳ якбора ба баландӣ рафта сангин ва душворгузар мешавад. Пас аз 2 километр роҳ ба кӯли шашум меорад.
  • “Марғузор”. Кӯл дар баландии 2140 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз ҳама хушманзартарин ва боазаматтарин ба ҳисоб меравад. Дарозии он 4.5 километр буда чуқуриаш то 45 метрро ташкил медиҳад. Пайраҳаи кӯҳи ба лаби шимолии он оварда аз соҳили росташ мегузарад. Нишебиҳои кӯҳҳои онро дар иҳота гирифта қариб ростбаромада мебошанд. Ранги обаш нилгуни маҳин буда, дар соҳилҳояш кӯҳпораҳои оҳаксангӣ бо нақшҳои одамони қадим во мехуранд.
  • “Ҳазорчашма”. Ҳафтум кӯл дар баландии 2333 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифта сарчашмаи тамоми силсилаи кӯлҳои Марғузор мебошад. Он аз чашмаю дарёчаҳои бешумор ташкил ёфтааст. Дарёҳои Ҳисор ва Даразхти Сурх низ ба он мерезанд. Гирдогирди “Ҳазорчашма” дарахтҳои тӯс мерӯянд, ки мувофиқи ривоят, тухми онҳоро ба ни ҷо паррандагон оварда буданд.

Фарқият баланди байни кӯли якум ва ҳафтум 692 метрро ташкил медиҳад.  Дар ин ҷо табиат бениҳоят зебоманзар мебошад, ки барои зиёрати он ба ин ҷо омадан арзанда аст. Лекин боре, ки ин ҷоро зиёрат кардед, шумо ҳатман мехоҳед боз ба ин ҷо баргардед.

Вилояти Хатлон

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ ёдгории таърихию меъмории асри VIII буда, дар наздикии деҳаи Ҳазрати Эмоми мавзеи Болодараи Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шуробод) воқеъ

Муфассалтар »
Душанбе

Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Боғи мазкур макони асосии боздиди сайёҳон дар  шаҳри Душанбе буда, ҳамчун

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Водии Бартанг

Бартанг яке аз он водиҳо ва самтҳоест, ки таваҷӯҳи ҳам сайёҳони маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ, олимон ва дӯстдорони саёҳат, табиат ва фарҳангро солҳост ки ба

Муфассалтар »