Китобхонаи миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Теҳрон ҷойгир аст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе воқе буда, ба онҷо бо воситаи автомобил, автобус, тролейбус сафар кардан имконпазир аст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Дар даврони шӯравӣ дар хазинаи китобхона зиёда аз 3 млн. нусха китобу дастхатҳои нодир ба забонҳои гуногун ҷамъ оварда шуда, барои истифодаи хонандагон пешкаш карда мешуданд.

Вобаста аз имкониятҳои мавҷуда, имрӯз дар Китобхонаи миллӣ барои хонандагон шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Чунончӣ, Китобхона дар таҳияи феҳристи электронии саҳм гирифта, беш аз 50 ҳазор номгӯи китобҳои тоза нашрро ба ин васила дастраси хонандагон гардонидааст. Дар Китобхона аз моҳи апрели соли 2004 толори нави нуқтаи хизматрасонии модулӣ барои донишҷуён созмон дода шудааст, ки дорои беш аз 15 ҳазор китобҳои тозанашри фаннӣ мебошад ва аз ин толор хонандагони сершумор истифода мебаранд.

Моҳи сентябри соли 2006 толори нави хониши электронӣ созмон дода шуд, ки дорои беш аз 115 ҳазор нусха нашрияҳои электронӣ мебошад. Ин толор бо технологияи замонавӣ: 25 компютер, 5 сканер, 3 принтер, 3 дастгоҳи нусхабардорӣ таҷҳизонида шуд ва ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст мебошад. Истифодаи Интернет барои ҳамаи хонандагон бо таври ройгон аст.

Бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бо таври замонави таҳрези гардида, дорои Wi-Fi, ошхона, ва мабразҳои замонавӣ мебошад.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Пули Сангин»

“Пули сангин” яке аз беҳтарин пансионатҳо ва истироҳатгоҳҳои боҳашамати Тоҷикистон аст, ки дар соҳили дарёи Вахш, дар манзараи хеле зебои кишвар ҷойгир аст. Осоишгоҳ номи

Муфассалтар »