DUSANDAGI
November 12, 2017
KULOLGARI
November 12, 2017
Show all

ДУРЕДГАРӢ

ДУРЕДГАРӢ/НАҶҶОРӢ/ЧӮБКОРӢ – навъи санъати амалӣ буда, ҳунари чӯбкорӣ ва кандакории чӯбро фаро мегирад. Ба маънои васеъ усули коркарди чӯбро гӯянд.
Дуредгарӣ таърихи қадима дошта, дар давоми садсолаҳо қисме аз навъҳои он ба дараҷаи олии инкишоф расидааст ва ҳамчун навъи санъати амалӣ ва ҳунармандӣ инкишоф ёфтааст.
      Дуредгарӣ асбобсозӣ, чӯбкории биноҳо, ҷузъҳои иморатсозӣ, афзорсозӣ, сохтани ҷиҳози хона (ҷевон, дар, тиреза, миз, курсӣ, сандуқ, гаҳвора, ароба, зин, табақ, қошуқҳои чӯбин ва ғ.), созҳои мусиқӣ ва ғайраро  дар бар мегирад.
      Шахсоне, ки бо ин кор машғул ҳастанд, унвони усто, дуредгар, наҷҷор, чӯбтарош, ҳунармандро доранд. Дар бисёр маврид вобаста ба навъи маҳсулот, яъне ашёе, ки онҳо месозанд, ном мебаранд, мисли гаҳворасоз, дару тирезасоз, қошуқтарош, табақтарош, сандуқсоз, аробасоз ва ғ.
      Мавод ё ашёи хоми дуредгар асосан чӯб, ва инчунин ашёи ҷузъӣ, мисли ширеш, шилм, мех, мехчӯб мебошад.
      Корҳои дуредгарӣ чунин амалиётро дар бар мегирад: нишонагузории ҷузъҳои чӯбин, таҳвили механикии чӯб, ширеш ва васл кардан, рӯкашкунӣ ва ороиш, шинонидани ошиқмаъшуқ, дастакҳо, қулфҳо, задани чорчӯбаи иловагӣ ва ғ.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381