Мақбараи Мавлоно Обиддин

Мақбараи Мавлоно Обиддин ёдгории таърихист, ки дар қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Мақбара дар замони шӯравӣ хароб карда шудааст. Хишти деворҳои даврони ҳокимияти шуравӣ барои сохтани ҳаммоми колхози «Данғара» истифода шуда буданд. Баъдтар сокинони деҳа атрофи мақбараро маҳкам карданд.

Дар соли 1997 бо ташаббуси Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон дар харобаи мақбара таҳқиқот гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум гашт, ки мақбара шакли мудаввари 8-кунҷа доштааст. Дар даруни он бақияи болоқабрӣ ёфт гардид, ки аз хишти пухта сохта шуда буданд. Мақбара аз сағонаи зеризаминӣ ва гӯрхонаи болоизамини иборат аст. Сағона шакли мураббаъ ва пӯшиши балхӣ дорад, баландиаш 150см, бинои болоизаминӣ шакли дарозрӯяи кунҷи сарбуридаро лорад. Мақбара аз ду қисм иборат аст: зиёратхона ва гӯрхона. Шакли дохили гӯрхона 8-кунҷа буда,бар болои девори он устувона бунёд ёфтааст.

Дар гӯрхона 4 турбати аз хиҳт сохта мавҷуд аст, ки дар онҳо Мавлоно Обидин ва наздикони ӯ мадфунанд. Зиёратхона аз пештоқи начандон калон иборат мебошад. Мақбара аз хишти пухтаи андазааш 21х21х4 бино ёфтааст. Деворҳои мақбара дар қадим каҷ андова карда, фаршаш бо хишт чида шуда буд. Мақбара борҳо таъмир ва бозсозӣ карда шудааст. Гирдогирди мақбараро суфачаи баланди мармарифарш оро медиҳад.

Аксҳо

Роҳи сафар ба мақбара

Мақбараи Мавлоно Обиддин дар наздикии маркази ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Сайёхоне, ки аз Душанбе, аз Кулоб, Бохтар ва дигар районхои республика ба Дангара меоянд, метавонанд аз навъхои гуногуни наклиёт, автомобиль, поездхо мунтазам истифода баранд.

Вилояти Суғд

Ҳафткӯл

Дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, дар дараи дарёи Шинг, дар қисми шарқии кӯҳҳои Фон силсилаи аҷибе иборат аз ҳафт кӯли Марғузор ҷой гирифтааст. Кӯли ҳафтуми

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Тиргон

Тиргон ё ҷашни пухтани гандум дар замони тамаддуни арийҳо ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ҳисоби григорианӣ он ба оғози моҳи тақвимӣ рост меояд ва ба 3

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Кофирқалъа

Кофир Қалъа дар асри 1-3 сохта шуда, то асри 8 фаъолият кардааст. Ба гуфтаи таърихшиносон, Кофирқалъа дар асрҳои миёна маркази маъмурии минтақаи Вахш буд. Дар

Муфассалтар »