Гузаргоҳи ағбаи Харгушӣ, дар баландии 4091 то 4344 аз сатҳи баҳр дар қисми шарқии ВМКБ ҷойгир аст. Он як нуқтаи стратегӣ барои пайвастани ду қисмати Помир, (шарқӣ ва ғарбӣ) дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Роҳ ба суй ин ағба аз ду тарафи аз даштҳои Мурғоб тавасути деҳаи Аличур аз шарқ, ва аз деҳаи Лангари Ишкошим аз ҷануб меояд.Ин ағба дар масофаи 212 км аз Хоруғ (маркази ВМКБ) ва 110 км аз маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ин ағба на танҳо ду минтақаи Помирро ба ҳам мепайвандад, балки ҳамчун сарҳади табиии байни минтақаҳои сукунати аҳолии кишоварз ва даштҳои васеи Помири Шарқӣ, ки дар онҷо тарзи ҳаёти кӯчманчиён ҳукмфармост, хидмат мекунад. Он ҳамчун чорроҳа ҳам хизмат мекунад, зеро аз он чор роҳ мегузарад: роҳи Мурғоб, Зорқул, Ишкошим ва Шоҳдара. Дашти Харгӯшӣ, ҳамвориест дар наздикии ағба, ва дар баландии зиёда аз 4000 м ҷойгир аст.
Баландии 4000 м аз сатҳи баҳр ҳаворо вазнин, сард, шамолнок, хушк, ва иқлимро яку якбора континенталӣ месозад. Ҳароратии мавсимӣ ва ҳатто ҳаррӯзаи ағбаи Харгушӣ ба таври шадид таъғир меёбад тавс. Аз сабаби фишори пасти ҳаво дар ин ағба барои мусофирон нафаскашӣ дар ин ағба душвор мегардад. Дар фасли зимистон дар ин мавзеъҳо барфи зиёд меборад, ки сабаби фаромадани ярч ва тармафароӣ мегарадад. Бо сабаби ҳавои сард, барфрезӣ ва тарма одатан роҳи тавасути ағба аз моҳи октябр то июн баста мешавад.
Харгушӣ минтақаи биёбони баландкӯҳӣ аст. Дар ин ҷо ба ҷуз хор дигар нишоне аз олами наботот нест. Бо вуҷуди ин чупонони Помири шарқӣ подаи худро дар тобистон дар ин мавзеъ мечаронанд Аз ин рӯ дар ин минтақа чарогоҳҳо мавҷуданд. Роҳе, ки ба ағба мебояд одатан, пур аз шағал, санг ва ноҳамвор мебошад. Новобаста аз ин бероҳӣ сайёҳон аз ин ағбаи душвор гузаштанро ҷолибтарин ва ҳаяҷоновар фаъолият меҳисобанд. Номи ин ағбаро метавон бо фаунаи он, яъне гузариши харгӯшҳоро пайванд карда, тахмин намуд, ки дар ин макон харгӯшҳо ҳам ҳастанд. Дар ин макони дурдаст ва душворгузар, паррандагон ҳпм зиндагӣ мекунанд. Гузаргоҳи Харгушӣ дорои зебоии хоси табиии худ мебошад. Дар баъзе ҷойҳо, сангҳои қад -қади роҳ, ки аз шамол ва борон осеб дидаанд, панорамаи ба таври тасвирнашаванда зеборо эҷод мекунанд.
Харгушӣ маконест, ки Роҳи машҳури Абрешим аз он дар қадим мегузашт. Дар замонҳои қадим ин роҳ тавасути ағбаи Харгушӣ ба корвонҳои тоҷирони ғарбу шарқ, фарангиён, эрониён ва Ҳиндустониҳо имкон медод ки Помири Бузург ва сипас ба Чин бирасанд. Дар давраи рақобат байни Русияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир, ки дар таърих бо номи “Бозии Калон” маъруф аст, агентҳои низомӣ ва сиёсӣ ва муҳаққиқони ҳарду империя аз ин ағба мегузаштанд. Мақсади онҳо омӯзиш ва ҷамъоварии маълумот дар бораи Помир ки ҳоло дар миёни чор кишвар, Тоҷикистон, Афғонистон, шимоли Покистон ва ғарби Чинро тақсим шуда аст, буд. Дар охир ин ағба ҳамчун сарҳади табиӣ байни мулкҳои тасаруфкардаи ду империяи истилогар муайян шуд. Дар замони Шӯравӣ ин роҳ хуб нигоҳдорӣ мешуд ва ҳамчун роҳи таъмини минтақаи Ишкошим хидмат мекард. Лашкари Шуравӣ дар болои ағбаи пости сарҳадбононро барҷой намуд.
Аксҳо
Роҳҳои сафар ба ағбаи Харгушӣ
Ба ағбаи Харгушӣ тавассути сафар аз Хоруғ ё Мурғоб расидан мумкин аст. Он дар масофаи 250 км аз Хоруғ, маркази ВМКБ ва 158 км аз ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Одатан сайёҳон ҳангоми тафреҳ ё истодан дар Хоруғ ё Мурғоб нияти сафарро тавасути роҳи ағбаи Харгушӣ мекунанд . Ағбаи дар яке аз шохаҳои шоҳроҳи Помир ҷойгир аст, ки водии Вахонро бо Мурғоб мепайвандад.Гарчанде ки сайёҳон тавассути мошинҳо ин ағба мегузаранд, дар солҳои охир шумори велосипедронҳо дар роҳи ағба ба назар мерасад.