Тоҷикистон
Пойтахт – шаҳри Душанбе
Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ – Ҷумҳурии Точикистон дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна қарор дорад.
Масоҳат – 142 600 км²
Аҳолӣ – 10 163 400 нафар
Асъори миллӣ – сомонӣ
Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1322,9 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (987 км), дар шарқ бо Чин (494,95 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1344,15 км) марзи муштарак дорад. Кишвари кӯҳсор ва пурбориш буда, дорои манобеи азими об ва канданиҳи фоиданок аст. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрасӣ надорад.
93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил намуда, ҳамагӣ 7 фоизи он ҳамворӣ мебошад.
Тоҷикистони муосир– гӯшаи табиати мафтункунандаи боҳашамату боиффат, гиреҳи кӯҳҳои теғдори Помиру Тян-Шони муқтадир мебошад. Дар ин ҷо баландтарин қуллаҳои Осиёи Миёна чашм ба осмон дӯхтаанд, дар ин ҷо пиряхҳои азиммаҷрои оромро ба вуҷуд меоранд. Қуллаҳои баландтарин бисёр дарёҳои Осиё Марказӣ, дараҳои хушманзара, водиҳои тафсон бо иқлими субтропикиро ғизо медиҳанд, ки дар он пахтазорҳо ба токзорҳо ва боғҳои зардолу мубаддал гашта, пуштакӯҳҳои баланду бедолударахт аз ҷиҳати сардии зимистон бо Сибир рақобат менамоянд – ҳамаи ин Тоҷикистон, давлати мустақили рӯ ба рушд мебошад.
Ҳаво, зебогии табиати ваҳшӣ сайёҳонро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷалб менамоянд. Бо шарофати дурии маскани инсон арчазор ва пистазори беназир, дарёҳо ва кӯлҳои мусаффо боқӣмондаанд. Зиёда аз сӣ намуди моҳӣ дар дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Барои ҳайвоноти ҷудогона муассисаи саноатӣ иҷозат додашудааст, аммо бисёре аз онҳо дар Китоби сурх ворид карда шудаанд.
Дар ҷумҳурӣ се мамнӯъгоҳва 14 парваришгоҳ мебошад. Ба наздикӣ мамнӯъгоҳи “Даштиҷум” бо мақсади нигоҳ доштани насли бузи шохпечдор дар Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Ҷангалҳои кӯҳӣ ва навъи ҳайвоноти арзишнок дар парваришгоҳҳои Сари Хосор, Дашти Майдон, Чилдухтарон ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд.
Тоҷикистон боғанитарин ганҷинаи канданиҳои фоиданок беназир аст. Зиёда аз 400 кон дар мамлакат иктишоф гардида, тақрибан аз онҳо садтояш мавриди баҳрабардорӣ қарордорад, ки аз онҳо то чил намуд моли хоми минералӣ, канданиҳои фоиданоки сӯзишворӣ, маъданӣ ва ғайри маъданӣ кофта бароварда шудаанд. Аз ҷиҳати захираҳои мис, нуқра, тилло, сурб, руҳ, бисмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг ва обҳои маъданӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Ба хусус захираҳои намак, сангҳои рӯйбаст, зиннатӣ ва қимматбаҳо хело фаровон мебошанд. Дар шимоли Тоҷикистон саноати маъдани кӯҳӣ тавсеа ёфтааст; корхонаи муштараки Тоҷикистону Британиё барои ҳалли масъалаҳои муҳими стратегӣ ҷиҳати бадастовардани маҳсулоти сифати олӣ дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ, таъсиси захираҳои тиллои ҷумҳурӣ, барқарор намудани истеҳсоли ҷавоҳирот аз ашёи хоми маҳаллӣ шароит фарҳам месозад. Дар натиҷаи тадқиқоти мунтазами геологии ин қаламрав кони ашёи хоми сӯзишвориву энергетикӣ, маъданикӯҳӣ, ашёи хом барои саноати химиявӣ, масолеҳи сохтмонӣ, металҳои қиматбаҳо, ҷавҳардор, ранга, нодир ва асил, дигар намуди канданиҳои фоиданок ошкор ва иктишоф гардиданд. Тоҷикистон бо обҳои мухталифи маъданӣ, ки барои кушодани санаторияҳо, курортҳо ва шифохонаҳои бузурги: “Хоҷа Обигарм”, “Явроз”, “Шоҳамбарӣ”, “Калтуч”, “Зумрад”, “Гарм-Чашма” имконият медиҳанд, машҳур мебошад.
Тоҷикистон аз сарвати таърихӣ ифтихор дорад; наслҳои Суғду Бохтар оғози тамаддуни бостонӣ ва шигифтангез гардидаанд. Имрӯз, Тоҷикистони муосир мероси қадимии таърихиву фарҳангиро бо эҳтиёт нигоҳ медорад, анъанаҳои ба худ хоси ҳунармандиро эҳё мекунад. То ба имрӯз, дарбисёр шаҳрҳои бостонии ҷумҳурӣ силсилаи маъруфи устодони маҳсулоти зардузӣ, устодони тавлиди абрешим, абра, батика, гулдузӣ, тоқидузҳо, бофандаҳо, заргарҳо, устодони силоҳисард, кулолгарон, маҳсулотҳое, ки дар ҷаҳон машҳур мебошанд,боқӣмондаанд. Мамлакат на танҳо осори таърихи зартуштиро эҳё мекунад, балки забон, фарҳанг ва суннатҳои суғди бостониро, ки дар маҳалҳои аҳолинишини Яғноб, ки ба масофаи 120 км аз шаҳри Душанбе воқеъ аст, ҳифз менамояд. Яғнобиҳо насли қабилаҳои Эрони бостонӣ аз Авруосиё: Аланиҳо, Сарматиҳо ва Скитҳо мебошанд. Забони муосири яғнобиҳо реша аз забони қадимаи суғдӣ мегирад, ки ба лаҳҷаи он (гурӯҳи лаҳҷаи скитӣ-сарматӣ) дар Осиёи Марказӣ гапмезаданд. Ягона намояндаи зиндаи ин шохаи эронӣяке аз забонҳои лаҳҷаи осетинӣ баҳисоб меравад. Пеш аз фурӯпошии араб дар қарни VIII милодӣ, тоҷиронисуғдӣ, ки дар водии Зарафшон зиндагӣ мекарданд, ба Роҳи Бузурги Абрешим нақши бориз бозидаанд, ки тавассути Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро мегузашт. Соли 722 милодӣ арабҳо суғдҳоро торумор карданд. Сарзаминҳои худро тарк карда, суғдҳо ба кӯҳҳо, ба хусус ба водиҳои мушкилгузари Яғноб фироркарданд, ки дар он ҷо деҳаи “Пскон” воқеан “пойтахт”-и нави гурезаҳои суғд гардид.