Кули Сарез

Нозанин ё Аждаҳои хуфта ва ё нигини кабуди Помир! Бо чунин номҳо кӯли Сарез дар миёни мардуми Помир ва берун аз он машҳур аст. Ин кӯл дар қисмати шарқии Помир дар миёни ноҳияҳои Рушон ва Мурғоб ҷойгир аст. Дарозии кӯл 55.8 км аст ва баландии мутлақи сатҳи 3.263 аст; Паҳноии ҳади ниҳоии он 3,3 км ва ҷуқурии он 500 метр мебошад. Номи кул аз деҳаи Сарез бармеояд, ки аҳолии он дар натиҷаи заминҷунбӣ ба минтақаҳои мухталифи Помир муҳоҷир гардидаанд.

Тарихи пайдоиши кӯл

Аввалҳои моҳи феврали соли 1911 дар шарқи кӯҳҳои Помир заминларзаи шадиде ба амал омад ва дар натиҷаи он кӯҳпораи азиме канда шуда маҷрои дарёи Мурғобро баст. Заминларза деҳаи зебо ва бойи Усойро ба тамом хароб кард. Тамоми деҳа бо 305 сокини худ дар таги кӯҳпора гӯр шуданд. Якчанд деҳаи дигар дар водии Сарез ва наздики он сахт зарар диданд. Кӯли ба вуҷуд омада батадриҷ то моҳи октябри соли 1911 деҳаи Сарезро ҳам фурӯ бурд. Гарчанде ки оби дарё аз таги сарбанди табий ҷори шудан гирифт дар тӯли солҳо сатҳи оби кӯл баланд гардида дарозии он дар соли 1930 ба 75 км расид.

Ривояти кӯли Сарез

Аз замони пайдоиши худ то ба ҳол кӯли Сарез бо якчанд асрор, олимони геолог, ҷуғрофидон, табиатшиносон ва саёҳони маъмулиро ба тамошо ва кашфи худ ҷалб мекунад. Асрори аввал ин мавҷудияти ривоятҳои зиёду гуногун оиди пайдоиши он мебошад. Деҳаҳои Сарезу Усой деҳаҳои обод буда сокинони он аз ҳисоби чорводорӣ, заминҳои ҳосилхез ва ҷангалзорҳои пуралаф сарватманд буданд. Аз сабаби сарватманд будан онҳо худ бештари вақти худро ба кайфу сафо гузаронда хайру некӣ ва эҳсон ва ибодату намозроо аз хотир бароварда буданд. Барои ҳамин ҳам заминҷунбӣ руй дод то онҳо барои ин амалҳояшон ҷазо бинанд.

Чунин афсонаҳое, ки сабабҳои офатҳой табиро бо этиқоди динӣ ва рафтори мардум пайванд медиҳанд дар байни мардуми Помир зиёданд. Ҳикмати нуҳуфтае ин ривоятҳо одамонро ба саховат, дастгирӣ намудани ҳамдигар ва зиндагии ором дар минтақаҳои хатарнон кӯҳӣ даъват менамоянд. Сайёҳони аврупоӣ, ки пеш аз соли 1911 ба Сарез ташриф оварданд қайд мекунанд ки деҳаҳои Сарез дорои даҳҳо хонавод буда аз ҳисоби чорводорӣ ва ғалакорӣ дар нисбат ба сокинони деҳаҳои дигар дар водии Бартанг зиндагии хубтаре доштанд. Асрори дигар ва ҷозиби кӯли Сарез тадқиқоти нотамоми он мебошад, ки аз замони пайдоишаш сар шуда буд. Ҳукумати подшоҳии Россия олимони зиёдро барои кашфи кули Сарез сафарбар намуда сокини деҳаи Нисурро ҳамчун дидбон барои сатҷидани сатҳи об дар ҳар сол мувазаф кард. Ҳукумати пуриқтидори Шуравӣ сармояи азимеро барои тадқиқи Сарез ҷудо намуда, стансияи обуҳавосанҷии Ирхтро барои санҷиши иқлим ва сатҳи оби кӯл таъсис дод.

Тадқиқоти босуръати Сарез баъди пош хурдани Иттигоди Шуравӣ қатъ шуд. Омӯзише, ки бо маблағгузори донорҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир гузаронда шудаанд ҳанӯз ба хулосаи амиқе оиди эҳтимолият канда шудани сарбанди Усой ва пешгирии хавфи кӯл нарасидаанд. Хулоса тадқиқоти илмӣ ҳануз асрор ва иқтидори аждаҳо ва нозани хуфтаро ҳанӯз ҳал накардааст. Гузоришҳое ки дар матбуот паҳн мешаванд аз воқеъияти илмӣ дур буда хавфи кӯлро аз потенсиали истифодаи он барои рушд зиётар нишон медиханд. Асрори охирин ин худи сафари душвор ва расидан ба кӯли Сарез мебошад.

Аксҳо

dav

Роҳҳои сафар ба кӯли Сарез

Якчанд роҳҳо ба кӯли Сарез мебароянд. Аввалин ва машҳуртарин масир аз деҳаи Барчидеви водии Бартанги болоӣ, ки дар масофаи 200 км аз Хоруғ ва 140 км аз маркази ноҳияи Рӯшон воқеъ аст, оғоз меёбад. Роҳи мошин то деҳаи Барчидев меравад ва аз он ҷо то кӯли Сарез пиёда баромадан зарур аст, ки барои он то 9-10 соат вақт лозим аст. Роҳи пиёдагардӣ аз рӯдхонаи Мурғоб мегузарад ва ба сарбанди васеи табиии Усой мерасад.

Дар зери ин сарбанд, деҳаи зебо дар соли 1911 дафн карда шуд. Пас аз тамошои кӯли Сарез меҳмонон метавонанд аз ҳамин роҳ ба Барчидиф баргарданд. Меҳмонон метавонанд пиёдагардӣ ва сайру гаштро дар атрофи кӯл то Ирхт, ки истгоҳи метеорологӣ ҷойгир аст, идома диҳанд. Онҳо инчунин метавонанд қаиқро барои убури кӯл истифода баранд ё шабонгоҳ дар соҳили дарё истанд. Онҳо инчунин метавонанд сайрро дар канори дарёи Лангар то Вухинч (номи чарогоҳ) идома диҳанд ва аз Учкул (се кӯл) тавасути ағбаи Лангар ё кӯли Чапдаркул гузашта, ба деҳаҳои Булункул ё Бачори ноҳияи Шуғнон расанд.

Роҳи дуюми пиёдагардӣ ё кӯҳнавардӣ ба Сарез аз деҳаҳои Булункул, Бачор ё Бардара оғоз ёфта, дар Вухинч (номи чарогоҳ) якҷо мешаванд. Аз он ҷо ин роҳ ба сӯи Ирхт ва кӯли Сарез фуруд меояд. Роҳи сеюм ва аз ҳама камтар гирифташуда аз ҷониби Мурғоб тавасути рӯдхонаи Мурғоб, ба Сарез меояд. Ин роҳ то замоне ки деҳаҳои Сарез Усой обод буданд мунтазам истифода мешуд.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Пули Сангин»

“Пули сангин” яке аз беҳтарин пансионатҳо ва истироҳатгоҳҳои боҳашамати Тоҷикистон аст, ки дар соҳили дарёи Вахш, дар манзараи хеле зебои кишвар ҷойгир аст. Осоишгоҳ номи

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки ҷамоати Саричашмаи (Шӯрободи собиқ), ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳини мебошад. Мақбара дар наздикии дарёи Панҷ

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Hilton Dushanbe 5*

Хилтон Душанбе дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он дорои иншооти барбекю, террас ва бар мебошад. Дар сайт таваққуфгоҳи хусусии ройгон мавҷуд аст. Ҳама ҳуҷраҳо бо

Муфассалтар »