[:ru]«ТАДЖИКИСТАН В БУКВАЛЬНОМ СМЫСЛЕ ОЧАРОВАЛ МЕНЯ». На Международной туристической выставке «ITB Berlin-2019» презентована книга «Таджикистан с Душанбе, Памиром и Фанскими горами»[:tg]«ТОҶИКИСТОН БА МАЪНОИ ТОМАШ МАРО АФСУН НАМУД». Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2019» китоби «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» муаррифӣ гардид[:]

[:tg]НАҚШАИ ТАДБИРҲО БАРОИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАСДИҚ ГАРДИД. Татбиқи он ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид[:]
12 марта, 2019
[:tg]Истифодаи хизматрасониҳои муосир дар меҳмонхонаҳои Тоҷикистон омӯзонида мешавад[:]
20 марта, 2019
Show all

[:ru]«ТАДЖИКИСТАН В БУКВАЛЬНОМ СМЫСЛЕ ОЧАРОВАЛ МЕНЯ». На Международной туристической выставке «ITB Berlin-2019» презентована книга «Таджикистан с Душанбе, Памиром и Фанскими горами»[:tg]«ТОҶИКИСТОН БА МАЪНОИ ТОМАШ МАРО АФСУН НАМУД». Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2019» китоби «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» муаррифӣ гардид[:]

[:ru]В рамках Международной туристической выставки «ITB Berlin-2019» была презентована книга доктора Дагмар Шрайбер и Сонии Билл под названием «Таджикистан с Душанбе, Памиром и Фанскими горами», которая была подарена участникам выставки.

Напомним, что Международная туристическая выставка «ITB Berlin-2019» проходила с 6 по 10 марта текущего года в городе Берлин Федеративной Республики Германия, в которой приняли участие представители туристической отрасли Таджикистана и Посольства Республики Таджикистан в Германии под попечительством Президента Федерации футбола Таджикистана Рустами Эмомали.

Книга «Таджикистан с Душанбе, Памиром и Фанскими горами» издана на немецком языке и предоставляет сведения об истории, культуре, национальных традициях, привлекательных туристических местностях Таджикистана.

Следует отметить, что это третье издание книги Дагмар Шрайбер, которая так выразила своё мнение об этом: «Эту книгу я написала кровью сердца, поскольку люди этой страны поселились в моём сердце, и я решила рассказать об этом всему миру, вернее передать свои впечатления другим людям. До сих пор у меня перед глазами стоит этот жест таджикского народа — «рука на груди» — при встрече, во время прощания с молодыми и пожилыми, когда ощущаешь себя «своей». Этот жест означает «Добро пожаловать, благословен твой приход, возвращайся ещё, поскольку мы любим тебя».

Дагмар Шрайбер так выражает свою любовь к нашей стране: «Таджикистан в буквальном смысле очаровал меня. Природа страны неповторимая, каждая встреча с различными людьми – это незабываемая история. Каждый, кто возьмёт в руки эту книгу, с большой вероятностью вознамерится совершить поездку в эту страну. Я желаю вам всех благ. Желаю, чтобы вы также были очарованы той искренностью, с которой я сталкивалась. Вы будете восхищены сказочными пейзажами горной страны, сочными плодами, разноцветными нарядами женщин, музыкой, наполненной любовью и грустью, невиданным гостеприимством. Итак, уже четыре года я регулярно езжу в эту страну. В моей голове вертится идея подготовки к четвёртому изданию книги. Я с нетерпением жду этого дня».

Следует отметить, что ежегодно представители сферы туризма Таджикистана пропагандируют богатые природные и историко-культурные ресурсы страны на авторитетной Международной выставке.

Сегодня также возросло внимание средств массовой информации к туристическому потенциалу Таджикистана, широко освещается сфера таджикского туризма в международных информационных порталах.

Анализы показывают, что представление туристических возможностей страны за рубежом при помощи средств массовой информации, участие в выставках и других авторитетных международных мероприятиях, в том числе на «ITB Берлин», укрепляют позицию Таджикистана на мировом рынке, и таким образом возрастает количество иностранных туристов, посещающих нашу страну.

[:tg]Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2019» китоби доктор Дагмар Шрайбер ва Сония Билл таҳти унвони «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» муаррифӣ ва ба иштирокчиёни намоишгоҳ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2019» аз 6 то 10 марти соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон баргузор гардид ва дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ширкат варзиданд.

Китоби «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» бо забони олмонӣ нашр шуда, оид ба таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ин нашри сеюми китоби хонум Дагмар Шрайбер мебошад ва дар ин бора ӯ чунин иброз медорад: «Китоби мазкурро ман бо хуни дил навиштам, чун мардумони ин кишвар дар қалби ман ҷой гирифтаанд ва ман ният кардам, ки инро ба тамоми мардуми олам иброз намоям, аниқтараш таассуроти худро ба дигарон низ ато намоям. То ҳол ва ҳамеша «дасти сари қафаси сина»-и мардуми тоҷик пеши назарам ҷилвагар аст, ки зимни боздид ва шодбошӣ, хоҳ пир бошад ва ё хоҳ ҷавон, изҳор гардида, ба кас «эҳсоси худӣ будан»-ро ато менамояд. Бо ин иброз мегардад, ки «нури дида тоҷи сар ва қадами ту муборак, баргард ва ё боз биё, чун дӯстат медорем».

Хонум Дагмар муҳаббаташ нисбат ба кишвари моро чунин баён медорад: «Тоҷикистон ба маънои томаш маро афсун намуд. Табиати кишвар нотакрор буда, бархурд бо одамони мухталифу табиати гуногун худ саргузаштест фаромӯшношуданӣ. Нафаре ки китоби мазкурро ба даст мегирад, бо эҳтимоли зиёд ният дорад, ба ин кишвар сафар намояд. Дар ин тасмим ман ба шумо тамоми хушиҳоро орзумандам. Орзу дорам, ки шумо шайдои маҳз он самимият гардед, ки ман мубталои он гардидам. Шумо аз манзараҳои афсонавии ин кишвари кӯҳӣ, аз меваҳои шаҳдбори он, аз рангорангии либосҳои бонувон ва аз мусиқии саршори муҳаббату пазмонӣ ва меҳмоннавозии бемисл ба ваҷд хоҳед омад. Инак чор сол боз ман ба ин кишвар зуд-зуд сафар мекунам. Дар сарам аллакай хаёли омодасозии нашри чоруми китоби мазкур ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ чарх мезанад. Он рӯзро бесаброна интизорам».

Қобили тазаккур аст, ки ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатро дар ин майдони бонуфузи байналмилалӣ тарғибу ташвиқ менамоянд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ низ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, дар шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ ба таври васеъ инъикос ёфта истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар хориҷи кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма ва иштирок дар намоишгоҳҳову дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла «ITB Берлин», мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пурқувват мегардонад ва ба ин васила теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзоиш ёфта истодаанд.

[:]