[:en]TAJIKISTAN – THE FOURTH IN THE WORLD! The British magazine placed Tajikistan in the top five countries of the world, where it is easiest to get a tourist visa[:ru]ТАДЖИКИСТАН – НА ЧЕТВЕРТОМ МЕСТЕ В МИРЕ! Британский журнал поместил РТ в пятерку стран мира, в которых проще всего получить туристическую визу[:]
21 августа, 2017
[:en]Tourism opportunities of Tajikistan will be presented in the magazine of the United Arab Emirates[:tg]Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб муаррифӣ мегарданд[:]
26 августа, 2017
Show all

[:en]First meeting of the Inter-Ministerial Council on Tourism Coordination held in Dushanbe[:tg]Ҷаласаи нахустини Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор шуд[:]

[:en]DUSHANBE, 24.08.2017 /NIAT “Khovar”/. The first meeting of the Inter-Ministerial Council on Tourism Coordination chaired by the Chairman of the Council, Deputy Prime Minister of the Republic of Tajikistan Azim Ibrohim was held in Dushanbe. NIAT “Khovar” has been reported by the Committee on Tourism Development under the Government of the Republic of Tajikistan.

The meeting was attended by the heads of ministries and departments, chairmen of provinces and chairmen of cities and districts of republican subordination, and discussed the completed works on tourism development in the first half of 2017, the course of implementation of Tourism Development Program for 2015-2017, approving Council Working Plan for 2018 and other issues on the agenda of the tourism sector.

The Deputy Prime Minister of the country opening the meeting noted that by initiative and support of the Founder of Peace and National Unity – Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon was founded the Committee on Tourism Development under the Government of the Republic of Tajikistan and started functioning.

In order to strengthen the normative and legal framework of tourism sector, a number of laws, including Laws of the Republic of Tajikistan “On tourism”, “On domestic tourism”, Tourism Development Concept, Tourism Development Program for 2015-2017 and other important documents were approved and implemented. In this context, the establishment of the Inter-ministerial Council on Tourism Coordination is the next step.

According to the Address of the President of the Republic of Tajikistan to the Majlisi Oli of the republic, a number of tax and customs privileges are offered to the tourism sector that will give new impetus to the development of the sector.

Generally, the attention of the world community has increased to the tourist resources of Tajikistan and the image of the country has grown as a peaceful country and having a rich tourism resources.

http://eng.khovar.tj/2017/08/first-meeting-of-the-inter-ministerial-council-on-tourism-coordination-held-in-dushanbe/[:tg]ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, корҳои анҷомдодашуда оид ба рушди сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2017, ҷараёни татбиқи барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2015-2017, тасдиқи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ як зумра қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва дигар санадҳои муҳим қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Дар ин замина таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм аз иқдомҳои навбатӣ ба шумор меравад.

Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат боз як силсила имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардиданд, ки ба рушди соҳа такони нав хоҳанд бахшид.

Дар маҷмӯъ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мустаҳкам гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм Нуъмон Абдуғаффорзода иброз намуд, ки «фаъолияти Кумитаи навтаъсис ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷалби васеи сайёҳон, муайян ва бартараф намудани монеаву мушкилоти соҳа, истифодаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳибкорӣ, тақвияти неруи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, инчунин ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа равона карда шудааст».

 

http://khovar.tj/2017/08/alasai-nahustini-sh-roi-bajniidorav-oid-ba-amo-angsozii-so-ai-sajyo-barguzor-shud/[:]