(Тоҷикӣ) Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

Tajikistan and Georgia Look to Develop Tourism
August 1, 2019
International Tourism Exhibition and Forum Tajikistan-2019 Opens in Dushanbe
August 8, 2019
Show all

(Тоҷикӣ) Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор»-ро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаи сабз» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Facebook95
Facebook
YouTube45
Instagram381