[:en]COMMITTEE OF TOURISM DEVELOPMENT UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN INVITES TO PARTICIPATE IN PURCHASE TENDER[:tg]КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД ДАЪВАТ МЕНАМОЯД[:]
22 мая, 2020
[:tg]Мулоқоти видеоии Роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ[:]
29 мая, 2020
Show all

[:tg]Мутахассисони ҷавон муаррифгари симои Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Эҳдо ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”[:]

[:tg]Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутахассисони ҷавон муаррифгари симои Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Эҳдо ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни “Рӯзи ҷавонон” самимона табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ҷавонони тоҷик ҳамеша ва ҳама ҷо мояи ифтихору сарфарозии миллати куҳанбунёди мо бошанд.
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кӯмаку ҳамдастии табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст.
Тољикистон бо азму иродаи мардумонаш, бахусус љавонони бонангу ор ва вафопешаи худ сол аз сол ќомати хешро баланд мекунад ва рўз аз рўз ободтару шукуфонтар мегардад.
Маҳз бо шарофати сиёсати ҷавононпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавозу сайёҳӣ шинохтанд. Дар ин замина, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумат қарор доштани ин соҳаи ояндадори кишвар мебошад.
Дар ҷавоб ба чунин ғамхории сатҳи баланд моро зарур аст, барои ҳамкории судманд бо тамоми қишри ҷомеа аз ҳарвақта бештар заҳмат кашида, баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон саъю талош намоем.
Дар воқеъ, месазад ёдовар шуд, ки аз лаҳзаҳои аввали фаъолияти кориашон Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи мо қувваи бузург ҳисобида, таъкид намуданд, ки «Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кушишу ғайрати ҷавонон вобаста аст».
Тавре маълум аст, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори навтаъсис буда, хушбахтона баъди панҷ рӯз, яъне санаи 27 май аз таъсиси он се сол пур мешавад ва имрӯз зиёда аз 80 фисади кормандони соҳаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар рушду нумуи соҳаи сайёҳии мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Қобили зикр аст, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба захираҳои сайёҳӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ бештар гардид. Дар ин росто дар соли 2019 ва се моҳи аввали соли 2020, зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд. Айни ҳол зиёда аз 200 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд, ки зиёда аз 80 фисади роҳбарони ширкатҳои мазкур ва зиёда аз 70 фисади кормандони онҳоро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд.
Чун мо дар асри техникаву технология умр ба сар мебарем, ба ҷавонони дорои донишу малакаи зарурӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ ниёзи бештар дорем.
Дар ин самт, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони соҳа бо бештар аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус ҳамкории зич дошта, давраи таҷрибаомӯзии хешро аксари донишҷӯён дар раёсату бахшҳои Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ гузаронида истодаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумита шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар курсҳои омӯзишӣ барои донишҷўён фароҳам оварда шуда, ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтару бештар пайдо кардани донишҷўён дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо онҳо ҷалб карда мешаванд.
Дар заминаи сиёсати “дарҳои кушод”-и Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ба ҷавонон ва мутахассисони соҳа имконият фароҳам оварда шудааст, ки ба кишварҳои аз лиҳози илму техника ва сайёҳӣ пешрафта, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси худ сафарбар карда шаванд.
Маҳз дар заминаи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва бо дастгирии Њукумати ҷумҳурї ҳамасола мутахассисони ҷавони соҳаи сайёҳии кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусии худ ба мамлакатҳои Испания, ИМА, Қатар, Россия, Юнон, Малайзия, Колумбия, Шветсария, Фаронса, Ҷопон, Ҳиндустон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо сафарбар мегарданд.
Имрӯзҳо ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро баҳри инкишоф ва пешрафти Ватани хеш — Тоҷикистон сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар амалӣ гардидани нақшаву иқдомҳои созанда саҳми босазо мегузоранд.
Бояд қайд намуд, ки татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ ба ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Саҳми ҷавонони кишвар, шуруъ аз донишҷӯёне, ки тариқи квотаҳои президентӣ дар макотиби олии кишварҳои мухталифи олам таҳсили илм намуда, дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ урфу одат ва имконоти сайёҳии кишварро муаррифӣ менамоянд, то ба кормандони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар самти тарғибу ташвиқи захираву имконоти сайёҳии мамлакат назаррас аст.
Барои мо бисёр ҳам хурсандиовар аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои осон намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ҷалби бештари сайёҳон як қатор имтиёзҳо дар андозбандӣ ва боҷи гумрукӣ роҳандозӣ гардид, ки бешубҳа ба рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ дар кишвари азизамон самараи дахлдор ба бор оварда истодааст.
Ба муҳлати 5 сол аз андоз аз даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳии навтаъсис боиси зиёд гардидани шумули онҳо дар кишвар ва ба вуҷуд омадани рақобати солим дар бозори сайёҳии кишвар мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани рӯйхати иншоотҳои сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, соҳибкорони ватанӣ, хосса ҷавонони соҳибкорро ҳавасманд гардонид.
Имрӯз барои мову шумо ҷавонони саодатманд аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Танҳо моро зарур аст, ки дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат Ватани аљдодии худро самимона дўст дошта, бо ҳисси баланди худшиносиву ифтихори миллї барои ояндаи дурахшони кишвар устуворона қадам монем.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мову шумо ҷавонон насли ояндасози кишвар, ба ин ҳама дастгириву садоқати Пешвои миллат арљ гузошта, баҳри пешрафту ободии Тољикистони азиз дастљамъона ва софдилона тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, заҳмат мекашем.
Ҷашн муборак, ҷавонони саодатманди Ватан![:]