[:tg]Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоти видеоии Роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ
Бо ибтикори Агентии федералӣ оид ба сайёҳии Федератсияи Россия ва Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Роҳбарони маъмуриятҳои сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ дар сиғаи видео-конфронс доир гардид, ки дар кори он муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ширкат варзид.
Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба масъалаи сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо перомуни паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 табодули таҷриба намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидати якдигар изҳор намуданд.
Дар интиҳо, ҷонибҳо Нақша-чорабиниҳои Барномаи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021-2022-ро тасдиқ намуда, бо шарафмандӣ аз рушди соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.
Ҳамчунин, тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.
[:]