[:tg]Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз бо ҷалби коршиноси соҳаи сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Германия Курт Ҳайнт Рейтс вебинар дар мавзӯи муҳими рӯз “Таъсири вабои аср – COVID 19 ба секторҳои сайёҳӣ” баргузор гардид.
Дар кори вебинар кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ширкат варзида мавзӯъҳои “Туризм ва пандемия”, “Дар давраи пандемия чӣ гуна тиҷорати сайёҳиро идора кардан мумкин аст” ва “Тавсияҳо оид ба барқароршавии ширкат пас аз пандемия” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ коршиноси соҳаи сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Германия Курт Ҳайнт Рейтс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, дар татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳамкорӣ намуд.
Курт Ҳайнт Рейтс таҷрибаи бисёрҷанбаи соҳавии рушди муваффақонаи сайёҳӣ дар кишварҳои Мексика (эко-туризм), Булғористон (омодасозии мутахассисон), Ӯзбекистон (коркарди маҳсулоти сайёҳӣ), Лаос (беҳтаргардонии сайёҳӣ ва маркетинг), Қирғизистон ва Гурҷистон дорад.
[:]