[:en]“TAJIKISTAN – A COUNTRY OF TOURISM!”: NIAT “Khovar” and Committee on Tourism Development under the Government of the Republic of Tajikistan launched a new joint project[:ru]«ТАДЖИКИСТАН — СТРАНА ТУРИЗМА!»: НИАТ «Ховар» и Комитет по развитию туризма при Правительстве РТ запустили новый совместный проект[:tg]«ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ!». АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави ҳамкориро ба роҳ андохтанд[:]
12 августа, 2017
[:en]TAJIKISTAN – THE FOURTH IN THE WORLD! The British magazine placed Tajikistan in the top five countries of the world, where it is easiest to get a tourist visa[:ru]ТАДЖИКИСТАН – НА ЧЕТВЕРТОМ МЕСТЕ В МИРЕ! Британский журнал поместил РТ в пятерку стран мира, в которых проще всего получить туристическую визу[:]
21 августа, 2017
Show all

[:tg]Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби роҳбарони ширкатҳои туристӣ хатсайрҳои нав ба роҳ мемонад[:]

[:tg]ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 августи соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва рӯзноманигорон бо мақсади шиносоӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави туристӣ аз мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин сафар иттилоъ дод, гурӯҳи мазкур тибқи хатсайри таҳияшуда аз мавзеъҳои оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, шаршараи Сари Хосор, мазори Лангари Шоҳи дараи Булғурӣ, оромгоҳи Шоҳ Неъматуллои Валӣ ва осорхонаи марказии ноҳияи Балҷувон дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи саёҳат аз ба ҳам овардани ширкатҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон иборат буд. Он ҳамчунин барои таҳияи хатсайрҳои сайёҳии нав, қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии сайёҳони дохилию хориҷӣ, мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта, аз қабили шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, иншооти фароғатӣ, мусофиркашонии байналмилалӣ ва нақлиёти дохилӣ, хизматрасонии замонавии алоқа ва бонкӣ таъсири муҳим мерасонад.

[:]