[:tg]COVID-19: сайёҳӣ дар давраи пасобуҳронӣ[:]
20 июля, 2020
Show all

[:en]ROMIT GORGE TOURISM INFRASTRUCTURES READY FOR TOURISTS[:tg]Инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит ба қабули сайёҳон омода мебошад[:]

[:en]Per President Emomali Rahmon’s instructions to prepare hotels and tourist zones for the reception of tourists in compliance with mandatory hygiene rules, the working group of the Committee for Tourism Development visited the tourist sites of Romit gorge.

Romit gorge is one of the most beautiful landscapes and tourist areas of Tajikistan, where the Zayron healing waters, Romit Reserve, Arkhu recreation and tourist zone and many recreational facilities have been renovated. Romit Gorge is famous for its clear waters, rare animals, medicinal plants, and in general its beautiful and unique nature.

Initially, the working group consisting of heads of structural units of the committee’s central office visited the Zayron sanatorium.

Zayron sanatorium is famous for its healing waters, the natural water of which flows from the heart of the mountain. Its water is intended for the treatment of diseases of the nervous system, hypertension, heart, and skin. It is rich in calcium, sodium, chlorine, iodine, hydrosulfate, sulfate, magnesium, silicic acid, fluorine and bicarbonate.

The river side sanatorium has a refreshing and calming atmosphere.

The working group also visited the Arkhu recreation and tourist zone . This tourist complex is located 75 kilometers from Dushanbe.

The newly built five-story hotel of this complex is located in a picturesque area on the banks of the turbulent Arhu river.

According to the committee, travel agencies have been instructed to offer new tourist routes in order to promote and present each of the most interesting regions.

Also, the Committee for Tourism Development in collaboration with the Vahdat administration has been taking effective measures for the development of tourism infrastructure and promotion of tourist zones in Vahdat.

 

      [:tg]Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳӣ аз мавзеъҳои сайёҳии дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дидан намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар қаламрави шаҳри Ваҳдат яке аз манзараҳои зеботарини ҷумҳурӣ ва минтақаи сайёҳии кишвар-дараи Ромит ҷойгир аст, ки дар он оби шифобахши «Зайрон», «Мамнўъгоҳи Ромит», мавзеи фароғатию сайёҳии “Арху”, иншооти зиёди истироҳатию фароғатӣ азнавсозӣ гардиданд.

Инфрасохтори шаҳр мукаммал гардида, барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ дошта, дараи Ромит бо обҳои муссафо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебову нотакрораш шуҳрат дорад. Гуруҳи корӣ нахуст аз осоишгоҳи Зайрон дидан намуд.

Бояд гуфт, ки осоишгоҳи «Зайрон» бо оби шифобахши худ маъруф буда, дар ин рӯзҳои гарму офтобӣ шумораи мизоҷони  осоишгоҳ меафзояд ва оби табиии аз синаи кӯҳ ҷорӣ ба чандин дарду бемории онҳо шифо мебахшад.

Ин об барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту пою сутунмуҳра ва пӯст пешбинӣ шудааст. Об дар таркиби худ калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад. Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарёст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад.

Зимни сафар ҳамчунин гуруҳи корӣ аз мавзеи фароғатию сайёҳии Арху дидан намуд.

Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 75 километрӣ аз пойтахти мамлакат, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат  воқеъ гардидааст. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дарбар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон мебошад.

Меҳмонхонаи навбунёди ин маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд. Имкониятҳои маҷмааи мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани имконияти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ дар минтақа таъсири мусбӣ мерасонад.

Арху ном гирифтани ин мавзеъ ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд доштааст. Баъдтар сокинони он дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд. Худи Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад.

Дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои кишвар ширкатҳои сайёҳӣ вазифадор гардиданд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ, хизматрасониро барои боздиди сайёҳон ҷиҳати дидан намудан ба роҳ монанд.

Ҳазамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир меандешад.

      [:]