[:en]Working Group Gets Acquainted with Tourism Infrastructure in GBAO[:tg]Гурӯҳи корӣ бо имкониятҳои қабулу хизматрасонии инфрасохтори сайёҳӣ дар ВМКБ шинос шуд[:]

[:en]A working group headed by the Chairman of the Committee for Tourism Development under the government of Tajikistan Shirin Amonzoda visited the cities and districts of Darvoz, Vanj, Rushon, Shugnon, Ishkoshim, Khorog and Murgob.

The working group consisted of international experts and GBAO officials.

The discussion centered around improving the quality of infrastructure, including hotels, hostels, guest houses, restaurants, resorts, lack of experienced professionals, meeting the requirements of sanitary and hygienic conditions, creating conditions for the provision of tourism services, promotion the region’s tourism potential outside the country, activating tourist routes, establishing effective local tourism companies, the state of cleanliness of tourist sites, and promoting tourism opportunities through social network sites.

The working group also visited the Fedchenko glacier, Garm-Chashma spring, Avj, Yamchun, Jelondeh, Bibi Fotima Zahro, tourist trails, Bulun-Kul  and other places.

Yamchun Fortress will be reconstructed with the government’s support and the World Bank’s capital. The group also visited this site and talked with officials in the field of infrastructure development and the involvement of experienced specialists and guides to scientifically substantiate the presentation of historical and cultural sites.

The Pamir Ecological and Cultural Tourism Association (PECTA) was established in the region with the Committee’s support, which unites more than ten economic entities and individual entrepreneurs in the field of tourism. In accordance with the established procedure, 44 economic entities of the region have been issued tourist licenses.

Currently there are 17 travel agencies in Khorog, three in Shugnon, five in Rushon, 14 in Murgob, two in Darvoz, two in Ishkoshim and one in Vanj.

There are also more than 50 hotels and guesthouses, six sanatoriums.

Based on the analysis of the industry and the existing problems, the working group made specific recommendations to the relevant agencies to pay special attention to the tourism sector as a priority.

GBAO is one of the most attractive tourist destinations and is famous for its rivers, lakes, mountains and unique landscapes, including Lake Sarez, Garm-Chashma, Avj, Yamchun, Jelondeh, Bibi Fotima Zahro, the highest mountains and the Pamir glaciers.

[:tg]Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боздиду вохурӣ бо сокинону фаъолони ҷамоату деҳот ва деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ оид ба вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, баррасии пешгирии бемории COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ ва Мурғоб дидан намуд.

Дар рафти сафар гурӯҳи корӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо, гестҳаусҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгўй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии вилоят берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз пиряхи Федченко, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳои сайёҳгузар, Булун-кӯл диданд намуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя аз Бонки Ҷаҳонӣ Қалъаи «Ямчун» дар ВМКБ бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешавад. Гурӯҳи корӣ аз мавзеи мазкур дидан карда, бо масъулин дар самти рушди инфрасохтор ва ҷалби мутахассисону роҳбаладони таҷрибадор барои аз нигоҳи илмӣ асоснок муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ суҳбат кард.

Бо дастгирии Кумита дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 10 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Инчунин, бо мақсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ таъмини рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии вилоят, бо тартиби муқарраргардида то имрӯз ба 44 субъекти хоҷагидори вилоят иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст.

Айни замон дар шаҳри Хоруғ 17 ширкат, ноҳияҳои Шуғнон — 3, Рӯшон — 5, Мурғоб — 14, Дарвоз — 2, Ишкошим — 2 ва дар Ванҷ — 1 ширкати сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят зиёда аз 50 меҳмонхона ва ҳомстею гестҳаусҳо, 6 осоишгоҳ амал менамоянд ва гурӯҳи корӣ аз имкониятҳои хизматрасонӣ ҳолати санитарию гигиении онҳо дидан карданд. Бо ба эътидол омадани вазъи паҳншавии пандемия иншооти мазкур омодаи қабули сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Аз рўи таҳлилҳо дар соҳа ва мушкилиҳои ҷойдошта гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок, ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои марбутаи сайёҳии вилоят бо мақоми ваколатдор, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ, ташкили омўзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти ташаккули бизнеси сайёҳӣ, ташкили иқлими мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои минтақаҳои бартариятдошта, беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва таъмини интернет дар мавзеъҳои сайёҳгузар, таҳия ва чопи маводҳои таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби вилоят, таъмини мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, инъикоси ҳамаҷониба имкониятҳои сайёҳии ноҳияҳои вилоят тариқи ВАО, ташкили гушаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ, таъсиси сомонаи алоҳида вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва фаъол намудани онҳо дар маҳалҳо, боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, дар мавзеъҳои сайёҳӣ ташкили гестҳаусҳо бо такя ба унсурҳои миллӣ ва нигаҳдошти ҳолати санитарию гигиении онҳо, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозӣ дар шаҳру ноҳияҳо, насби лавҳаҳои ишоратии сарироҳӣ бо се забон дар даромадгоҳҳо ва ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, таъсиси гушаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори муосир дар атрофи пиряхи Федченко аз ҳисоби шарикони рушд, маблағгузории “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар маҳал, бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии пешбинишуда сохтмони иншооти хизматрасонии дорои ташноб, ҷойи дастшуӣ, ҳаммоми хурд, хуроки тезтайёр, ҷойи истироҳат ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт дар шафати шоҳроҳҳо барои сайёҳон бо ҷалби соҳибкорон, тартиби пешниҳод намудани маълумотҳои дурусти омори сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати табодули таҷрибаи вилоятҳо дар самти ташкил ва дуруст ба роҳ мондани омори сайёҳии дохилӣ, ба кор ҷалб намудани кормандони дорандаи риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи касбӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизмарасонӣ, омода намудани кадрҳои лаёқадманд барои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва сафарбар намудан ба минтақаҳо, таъсис додани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби сайёҳӣ ва ба шуғл фаро гирифтани бештари аҳолии маҳаллӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Қобили тазаккур аст, ки ВМКБ яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рўдҳо ва дарёчаҳои шўх, кўлҳо, кўҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шўҳрати калон пайдо кардааст.

Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кўли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Заҳро, қаторкўҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир мусоидат менамоянд.

[:]