Сайёҳии экологӣ

 Сайёҳии экологӣ – ин самти ягонаи индустрияи сайёҳи (буда таваҷуҳи муҳим оиди нигоҳдории захираҳои табии ва ё ҷузҳои алоҳида (ёдгориҳои табиӣ, намудҳои гуногуни ҳайвонот ва ё наботот ва ғайра …) мебошад. Ҳавасманд гардони ва ҷалби аҳолии маҳали ба раванди эко сайёҳи манфиятовар буда дар нигоҳдошт ва ҳифзи захираҳо мусоидат менамояд. Фарқият ва муҳимияти эко туризм аз он иборат аст, ки он метавонад аз таъсирҳои манфи ба табиат ҷилавгири намояд, операторони сайёҳи ва сайёҳонро барои ҳифзи табиат ва рушди иҷтимои – иқтисоди ҳамкори намоянд.

Парваришгоҳи табии давлатии “Алмоси”

Парваришгоҳ соли 1984 дар майдони 6000 гектар таъсис дода шудааст. Мақсади асоси таъсиси парваришгоҳ муофизат ва бар қарор намудани ҷойҳои муҳим ва навъҳои гуногуни зебои табиати тоҷикистон, ки дар китоби сурх оварда шудааст. Парваришгоҳи Алмоси дар қисмати ҷануби қаторкуҳҳои Ҳисор байни дарёҳҳои қаратоҳ ва хонақо дар баландии то 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Ба парваришгоҳи Алмоси  табассути роҳи нақлиёти ҳам аз самти Душанбе ва ҳам аз самти Сари осиё тавасути гузаргоҳи байнимилали (Узбекистон – Тоҷикистон) ворид шудан мумкин аст.

Боғи таърихи – фарҳанги “Ширкенд”

Боғи таърихи – фарҳанги “Ширкенд”  бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 Сентябри соли 1993 таҳъти № 462. таъсис ёфтааст. Мақсади асоси таъсиси боғи таърихи фарҳанги ҳифзи навҳои гуногуни ҷонварон ва гиёҳҳо мебошад. Омузиши хусусияти физикию географи табиати ҷанубу ғарбии Ҳисор инчунин ташкили туризми экологи IPP “Ширкенд” дар минтақаи ноҳияи Турсунзода, Дар ҳавзаи дариё Ширкенд дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷой гирифтааст. Ҳудуди сарҳади боғ асосан дар қисмати шимоли қаторкуҳи Мечетли маҳдуд мегардад вале дар қисмате ғарб ба тарафи шарқ дарёҳои обизаранг ва қаратоғ тақсим мешавад. Қисмати ҷануби бо аз наздикии деҳаи ширкент мегузарад.

То Ширкент аз Душанбе 100 км, ва аз тарафи сарҳади Тоҷикистону Узбекистон (яне гузаргоҳи сарҳади Сари Осиё – 55 км) мебошад.

Бошишгоҳи давлати табии Ромит

Бошишгоҳи давлати табии Ромит дар қисмати ҷанубии қаторкуҳои Ҳисор дар болооби дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст. Қисмати ҷанубу шарқи бошишгоҳ то қаторкуҳои қаротегин рафта мерасад. Ҳудуди бошишгоҳ шакли секунҷаро дошта аз қисмати дарёи сорво ва аз шимол дараҳои танги Ушрута ва Вашрута сарчашма мегирад. Баландии секунҷа ба тарафи ҷануб тӯл кашида дар ҷои резишгоҳи дарёи Сардаи миёна ва Сорво дарёи Кофарниҳонро ба вуҷуд меоранд. Ҳудуди умумии бошишгоҳи Ромит 16100 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади таъсиси бошишгоҳ омузиш ва ҳифзи навҳои гуногуни олами набототу ҳайвонот ки ба китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд: хирси маларанги тиёншони, паланги бабри сафед намудҳои растаниҳои ҷангали аз ҷумла пиёзи анзур, пиёзи Суворови ва ғайра мебошад.