МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ РАВОДИДИ ЭЛЕКТРОНӢ

1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa»ба кор даромад, ин имконият ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки бо мақсади саёҳат ё тиҷорат ба кишвар меоянд. Аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаи консулгарии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба дасторанд. Низоми раводиди электронии «e-Visa»ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки тариқи онлайн раводиди тоҷикиро бадаст оваранд, ва аз гирифтани навбат дар консулгариҳои Тоҷикистон ё дар сарҳад раҳо созад. Низоми нав барои он таҳия карда шудааст, раванди ба даст овардани раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон осон гардонида, шумораи сайёҳон ва меҳмоноро дар Тоҷикистон  афзоиш дода, тартиботи раводидро барои соҳибкорон сода гардонад. Мо ҳамчунин мехоҳем вақтро сарфа намуда, кори кормандоне, ки машғул ба судури раводид мебошанд, сабук созем.

Аризадиҳандагон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ, пас аз пур кардани форма бо маълумоти зарурӣ ва пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ ба даст меоранд. Аризадиҳандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ бояд 50 доллари ИМА тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ барои коркарди электронӣ пардохт намоянд ва дар сурати рад шудани дархост, маблағи мазкур ба аризадиҳанда баргардонида намешавад. Пас аз пардохти боҷи раводид ва қонеъ гардидани ариза, аризадиҳанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро ба даст меорад, ки ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷати амалкунандаи мусофират бояд пешниҳод намояд.

Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 90 рӯз эътибор дорад, аммо дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯз ҳузур дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намегардад ва дорандаи он дар мӯҳлати муаяншуда бояд қаламрави ҷумҳуриро тарк намояд.

Хоҳишмандем дар хусуси пайдо шудани ҳамагуна савол ба қисмати FAQ, муроҷиат намоед агар ҷавоб пайдо карда натавонистед, метавонед аз алоқаи баргашт истифода баред, ё саволи худро ба суроғаи электронии — info@visa.mfa.tj ирсол намоед.

Раводид, бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳи

Раводиди сайёҳӣ, аз ҷумла гурӯҳӣ бо ҳарфи (Т) ифода гардида, пешниҳод карда мешавад:
• ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сайёҳ ё гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сайёҳат, гурӯҳи сайёҳиро ташкил намудаанд (на камтар аз 5 нафар, вале на зиёда аз 50 нафар)ворид мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки шартҳои зарурии раводиди саёҳати гурӯҳӣ иборат аз:  вуруди ҳамзамони тамоми аъзоёни гурӯҳ дар минтақаи убури сарҳад ҳангоми ворид ва хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавӣ дар ягон  минтақа ва рафтуомад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳайати гурӯҳ;

Тамоми  шаҳрвандони хориҷие, ки сарҳади Тоҷикистонро убур мекунанд, бояд бо худ шиносномаи эътиборнок ё ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд, ҳамчунин раводиди мувофиқ (ба ғайр аз шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Росия, Украина, ки аз онҳо барои ба Тоҷикистон ворид шудан раводид дархост карда намешавад) дошта бошанд.

Шиноснома бояд на камтар аз шаш моҳ пас аз санаи воридшавӣ ба қаламрави кишвар эътибор дошта бошад.

Раводиди сайёҳӣ ба воридшавиро мумкин аст  бевосита ҳангоми ҳозир шудан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе (дар дигар нуқтаҳои убури сарҳади давлатӣ раводид дода намешавад) ё дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа ҳангоми мавҷудияти тайиди раводид аз ширкати сайёҳӣ (LOI) ба даст оварда шавад.

(Рӯйхати давлатҳои хориҷӣ, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи тартиботи содакардашуда доранд) 

Нархи раводид ва мӯҳлати барасмиятдарорӣ вобаста аз шакли он ва мӯҳлати банақшагирифташудаи будубош дар кишвар мебошад. Аз рӯи ин масъалаҳо бояд бевосита аз сафоратхонаҳо маслиҳат гирифт.

Аз набудани раводид, аз сайёҳон талаб карда мешавад, ки қаламрави ҷумҳуриро бо ҳамон роҳ ва тарзе, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, фавран тарк намоянд.

(барои гирифтани раводид Пурсишнома зеркаш карда мешавад)

Барои  ташриф овардан  ба  мамлакат   аз  сафортахонахои Точикистон  берун аз марз  метавонед Раводидро ба расмият дароред

 

 

Австрия: Университ штрассе, 8/1a, 1090, Виенна, тел: 43/1/409-82-66-11, Факс: 43/1/409826614/15/21, почтаи электрони: tajikembassy@chello.at

Афгонистон: Нохия Вазиз  Абрахон  Сараки-10, # 3, ш.Кобул, тел: 93/230-03-92, 93/210-10-80, МОБ: 070 28 57 08, Факс: 93/230-03-92, почтаи электрони: Fmakhkamov@tojikiston.com or kabultj@tojikiston.com

Сафоратхона дар мазори Шариф: тел: 93/79/209-330, почтаи электрони: krt_mazar@yahoo.com

Белоруссия: Кучаи Киров. 17, ш.Минск , тел: 375/17/222-37-98, 289-11-36, Факс: 375/17/227-76-13, почтаи электрони: tajemb-belarus@rambler.ru

Белгия: Луис Avenue Lousie 362-365, 1050, Bruxelles, тел: 322/640-69-33, 538-31-39, Факс: 322/649-01-95

Олмон : Отто –сурх- Аллее Otto-Suhr-Allee 84, 10585, ш.Берлин Berlin, тел: 49/30/347-93-00, Факс: 49/30/347-930-29, 347-930-18, почтаи электрони: info@Botschaft-Tadschikistan.de

Казокистон: Астана , тел: 7/3172/24-13-15, 24-09-29, Факс: 7/3172/24-13-15, 24-09-29, почтаи электрони: tajemb-kaz@viтелco.kz or emb_tj@ok.kz

Сафоратхона дар Алмато: тел: 7/3272/69-70-59, Факс: 7/3272/69-70-59

Хитой:  Та Юан # 5-1-41, Корпуси Дипломати, 100 600,  Пекин, тел: 86/10/653-225-98, Факс: 86/10/653-230-39

Кыргызистон : Куч. Караганда . 36, 720031, ш.Бишкек , тел: 996/312/51-14-64, 51-23-43, 51-25-87, Факс: 996/312/51-14-64, почтаи электрони: tojsaforat@exnet.kg

Хиндустон : ш. Дехли — тел: 11/261-542-82, Факс: 11/261-542-82, почтаи электрони: tajembindia@yahoo.com

Эрон:  Майдони  Ниверон. 3, блоки 10, Техрон, тел: 98/21/222-995-84, 228-092-49, Факс: 98/21/228-092-99, почтаи электрони: tajemb-iran@mail.ru

Покистан:  Холнаи  90, Мейн даубл роуд, F-10/1, Исломобод, тел: 92/51/229-34-62, 229-46-75, Факс: 92/51/229-97-10, почтаи электрони: safarovm@mail.ru

Россия: ш.Москов, 121069,Кучаи  Гранатни 13, тел: 7/095/290-57-36, 290-02-70, 290-38-46, 290-41-86, 290-14-47, Факс: 7/095/290-57-36, 291-89-98, 290-61-02

ИМА USA – 1005, хиебони  Ню  Хампшия Авен , шимолу  гарби Вашингтон D.C. 20037, тел: 1/202/223-60-90, Факс: 1/202/223- 60-91, Шуъбаи  Консули — 1725 Kучаи , N.W., Сют 409,  Вашингтон D.C. 20006, почтаи электрони: tajikistan@verizon.net

Туркменистон: Гарашсизлук   4/2, ш. Ашкобод, тел: 993/12/48-01-63, 48-17-45, Факс: 993/12/48-18-77, почтаи электрони embtd@online.tm

Туркия: Махатма  Нанхи  Кадеси 36, 06700, ш.Аркара, тел: 90/312/446-16-02, 0532/244-54-35, Факс: 90/312/446-36-21, почтаи электрони: tajemb_turkey@hotmail.com

Узбекистон: кучаи  A.Kaхорr. 6, 700090, ш. Ташкент, тел: 998/71(2)/54-99-66, 54-84-13, 54-89-69, 55-64-78, 54-19-32, 152-54-79, Факс: 998/71(2)/54-89-69, 152-68-72, почтаи электрони: temb@online.ru

Дар ҳолати зарурӣ, мӯҳлати будубош дар қаламрави кишвар мумкин аст тамдид карда шавад (“раводид тамдид карда шавад”) дар раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ, воқеъ дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42, тел: + 992/37/221-15-60, 221-15-41, 221-17-37, 221-43-77б факс: + 992/37/223-29-64, 221-02-59, почтаи электронӣ: kumid@tojikiston.comё mfart@tajik.net Интернет – http://www.mfa.tj/ пас аз вуруд ба кишвар.