Кӯҳҳои Фон
Кӯҳҳои Фон – сарзамини ҳайратангезе мебошад, ки дар ҷои васли ду қаторкӯҳи азим: Помир-Алой ва Ҳисор. Дар ин минтақа кӯлҳои фирӯзаранг ва зумуррадранг, пиряхҳо ва дарёҳои пурмавҷ, дараҳои кӯҳи ва ағбаҳо ба назари сайёҳон манзараҳои худро аён месозанд. Аз сабаби он ки дар ин минтақа роҳҳои нақлиётии муосир дастрасанд (байни Душанбе ва ноҳияҳои дараи Зарафшон, […]
Даштиҷум
Мамнунгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” дар нишеби ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир аст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Давлатии Ҷумҳерии Тоҷикистон дар масоҳати 19.7 ҳазор гектар таъсис ёфтааст. Дар масофаи 40 километр аз шаҳри Кӯлоб ва 240 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин мамнунгоҳ барои муҳофизат ва нигаҳдории шумори охирини комил ва […]
Шаршараи Сари Хосор
Шаршараи Сари Хосор дар канори дарёи Сурхоб, дар њудуди Љамоати дењоти Сари Хосори ноњияи Балљувон љойгир шудааст Шаршара аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 199 км ҷойгир шудааст. Шаршара аз баландии 50-57 м ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирду атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои […]
Хусусиятҳои хоси меъмории Ҳулбук
Ҳулбук қасре мебошад, ки сохтмонаш ба асрҳои IX-XI рост меояд. Контури чанд теппа, харобаҳои шаҳрҳои дигарро аз болои теппае, ки қаср дар он ҷойгир буд, дидан мумкин аст. Шояд дар асл ҳам ҳамин тавр буд, ки сокинони Хуталл аз намудҳои гуногуни сигнализатсияи визуалӣ истифода бурда, ҳамсоягони худро аз хатари ҳуҷуми душман огоҳ мекарданд. Ҳафриётҳои Ҳулбук […]
Кӯҳи Чилдухтарон
Яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон кӯҳи Чилдухтарон аст. Он дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, тақрибан дар 250 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км қисмати шимолии маркази ноҳияи Мӯъминобод назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат буда, ки дар натиҷаи […]
Сарбанди НБО Норак
Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт). Нерӯгоҳи барқии ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак – дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 […]
Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор
Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳисор ҷойгир шудааст. Ба Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор бо воситаи автомобил, автобус рафтан мумкин аст. «Мамнўъгоњи таърихию фарњангии Њисор» муассисаи давлатӣ буда, осорхонаест зери фазои кушод ва ќимати бењамтои таърихї, бостонї ва меъмориро бархурдор аст. Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурљи баланди […]
Табобатгоҳи Оби Гарм дар шаҳри Роғун
Табобатгоҳи Оби Гарм дар аз маркази шаҳри Роғун дар масофаи 2,2 км дар шафати роҳи Душанбе-Лахш-Ош ҷойгир шуда аст. Ба табобатгоҳ бо воситаи автомобил рафтан мумкин аст. Оби гарм аз чуқурии 300 метр ба боло мебарояд, ки ҳарорати 75оС мебошад. Он обро дар зарфи махсуси бетонии калон нигоҳ медоранд, то ки ҳарораташ та 35-40 оС […]
Дараи Варзоб
Дараи Варзоб дар наздикии бевоситаи шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар ин самт шумо метавонед ҳаловат баред аз истироҳат дар лаби дарёи сарду шӯхи Варзоб ва ё дар яке аз ҳавзҳои мавзеъҳои истироҳатии бешумор оббозӣ кунед. Ин дара ҳамаги дар масофаи якчанд километр аз шаҳр сар мешавад, бинобар ин ҳатто барои сайёҳон ва меҳмононе, ки ба […]
Боғи Ғалаба
Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо лоиҳаи меъморон Б.А. Зуҳурдинов, А.М. Шербинин, ҳайкалтарош Д.Б. Рябичев сохта шудааст. Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази […]