Ғолибони озмуни «Ватанро бишнос!» соҳиби ҷоизаю туҳфаҳо гардиданд

Ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид
Декабря 20, 2018
МЕҲМОНХОНА ВА ОСОИШГОҲИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Душанбе ғолибони озмунҳои бахши сайёҳии мамлакат эълон ва қадрдонӣ карда шуданд
Января 26, 2019
Show all

Ғолибони озмуни «Ватанро бишнос!» соҳиби ҷоизаю туҳфаҳо гардиданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ватанро бишнос!»  ҷамбаст гардид. Озмуни «Ватанро бишнос!» аз аввали соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавассути Телевизиони Тоҷикистон аз рӯи бахшҳои «Акси беҳтарин», «Навори беҳтарин»  ва «Бозёфти муаллиф» гузаронида шуд.

Дар маросими ҷоизасупории озмун   Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва муовини аввали директори Телевизиони Тоҷикистон Умед Назарзода  сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Ватанро бишнос!» бо мақсади мусоидат ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, хусусан мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯду чашмаҳои мусаффо, олами бои набототу  ҳайвонот ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии  мамлакат дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби Кумита озмунҳои  намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, акси беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва рӯнамоии беҳтарин  ҷамъбаст гардиданд. Ҳамчунин то охири моҳи январи соли равон озмунҳо дар самти  армуғони беҳтарин барои сайёҳон ва байни ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбалади беҳтарин,  беҳтарин меҳмонхонаҳо, беҳтарин осоишгоҳҳо ва ғайра баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа ҷамъбаст мегарданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ватанро бишнос!» аз рӯи бахши «Акси беҳтарин»  ҷойи якум ба  Каюмарси Маҳмадраҳим дода шуда, зинаҳои  дуюм ва сеюм насиби Ҳасан Юсуф ва Фирӯз Амонзода гардиданд. Дар бахши «Навори беҳтарин» Баҳодур Турсунов ҷои аввал ва зинаҳои дуюму сеюмро  Афзалшоҳ Баҳодуров ва Садриддин Юсуфов сазовор гардиданд.

Дар бахши  «Бозёфти муаллиф» ҷойи якум насиби  Наҷибулло Ҷобиров, ҷойҳои  дуюму сеюм ба Шаҳёд Анварзода ва  Кароматулло Саидов дода шуданд.

Шоҳҷоизаи озмуни «Ватанро бишнос!»-ро Каёчеҳри Абдусалом сазовор гардид, ки он  дорои роҳхат барои саёҳат бо барандагони барномаи «Сайёҳ»-и Телевизони Тоҷикистон барои сайри гӯшаву канори Тоҷикистон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ, аз қабили планшет,  планшети хурд, маркази мусиқӣ ва дигар ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд. Иштирокчиёни озмун бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манзараҳои зебою нотакрори  Тоҷикистонро дар навору аксҳо инъикос намудаанд. Ташкилу баргузории чунин озмунҳо ба  тарғибу ташвиқи захираву имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон  мусоидат менамояд.

Ин дар ҳолест, ки 2 январи соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои 2019-2021 дар мамлакат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.