Ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид

Имкониятҳои сайёҳӣ ва дастранҷи косибону ҳунармандони тоҷик имрӯз дар Фестивали «Рангоранг» муаррифӣ гардид
Декабря 18, 2018
Ғолибони озмуни «Ватанро бишнос!» соҳиби ҷоизаю туҳфаҳо гардиданд
Января 3, 2019
Show all

Ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањри Душанбе дар заминаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки роҳбарияти вазорату идорањо, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тариқи рунамо муаррифӣ гардид.

Дар оғози мизи мудаввар Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки лоињаи Стратегияи рушди сайёњї дар Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030 бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ “Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 22 декабри соли 2017, таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Стратегия вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои рушди соҳа то соли 2030, самтҳои стратегии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии шаклҳои сайёҳӣ, маркетинг ва тарғибот, ба роҳ мондани фуруш, нигоҳ доштани тамос бо муштариён, нақлиёту сарҳадот ва раводид, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, низоми мониторинг ва арзёбии татбиқи босамари стратегия муқаррар карда шудааст.

Стратегия тавассути се давраи миёнамуњлат, ки ҳар яки он 4 солиро дар бар мегирад, амалї карда мешавад, ки дар ин марњилањо ба самтњои афзалиятноки рушди соњаи сайёњї диќќати асосї равона карда мешавад.

Бо мақсади таъмини татбиқи пурраи Стратегия нишондињандањои маќсадноки он таҳия карда шудааст.

Нақшаи чорабиниҳои Стратегия самтҳои соҳаи сайёҳӣ аз ҷумла, индикатор, тарғибу ташвиқи соҳа, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳиро дарбар мегирад.

Барои татбиқи босамари Стратегия маблағгузориҳои бахши хусусӣ, шарикони рушд ва сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Аз ҷумла, шумораи сайёњони ба љумњурї ташрифоваранда, сањми сайёњї дар ММД, сањми сайёњї дар содирот, сањми сармоя ба соњаи сайёњї дар маљмуи сармоягузорињо, сањми сайёњї дар ќисми даромади буљети давлатї, миќёси хизматрасонињо дар соњаи сайёњї, шумораи субъектњои баќайдгирифташудае, ки дар соњаи истироњат ва табобат хизматрасонї мекунанд, шуѓли ањолї дар соњаи сайёњї ва мавќеи Тољикистон дар раддабандии кишварњои мењмоннавоз, ки аз љониби Форуми љањонии иќтисодї гузаронида мешавад, индикаторҳои асосии Стратегия маҳсуб меёбад.

Тибқи барномаи мизи мудаввар ҳамчунин Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Хидеки Танабе, муовини Вазири Вазорати молия Нурмаҳмадиён Ҷамшед, Кен Иноуэ Намояндаи калони JICA дар мавзӯи “Самтҳои фаъолияти JICA дар Тоҷикистон”, Комрон Раҷабиён корманди USAID дар мавзӯи “Саҳмгузорӣ ба рушди иқтидори сайёҳии Зарафшон” баромад намуданд.

Ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд муайян карда шудаанд:

– ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ;

– ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ;

– тақвияти иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили дурусти тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи он;

– таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ;

– ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ;

– тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ;

– мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон;

– таъсис ва рушди кластерҳои сайёҳӣ (маҷмўи минтақаҳои алоҳидаи сайёҳию рекреатсионии иқтисодӣ) ва таъмини инноватсионию сармоягузории рушди соҳаи сайёҳӣ.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда чунин тадбирҳои асосӣ пешбинӣ мешаванд.

Дар самти ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ:

– такмили қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ;

– таҳияи санади мукаммал дар соҳаи сайёҳӣ;

– дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– тақвияти заминаҳои институтсионалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ.

Дар Стратегия мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кўлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кўҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудааст.

Ҳамчунин, тибқи Стратегия бояд меҳмоннавозии тоҷиконае, ки дар хонаводаҳо нисбати меҳмонон анҷом дода мешаванд, дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ ба сайёҳон ва дигар мусофирон низ пешниҳод карда шавад, ки он дар натиҷа як дастоварди муҳими соҳаи сайёҳӣ мешавад ва барои ҷалби бештари сайёҳон ва ташрифи такрории онҳо мусоидат менамояд.

Пурра ва самаранок амалӣ гардидани Стратегия ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намуда, яке аз омилҳои баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мегардад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, андешидани чораҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон талаб карда мешавад.

Дар анҷоми кори чорабинӣ миёни иштирокчиён доир ба мавзуъњои матрањгашта ва љанбањои муњими Стратегия мубодилаи афкор сурат гирифт.