Имкониятҳои сайёҳӣ ва дастранҷи косибону ҳунармандони тоҷик имрӯз дар Фестивали «Рангоранг» муаррифӣ гардид

Дар Душанбе Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид
Декабря 4, 2018
Ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид
Декабря 20, 2018
Show all

Имкониятҳои сайёҳӣ ва дастранҷи косибону ҳунармандони тоҷик имрӯз дар Фестивали «Рангоранг» муаррифӣ гардид

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло беш аз 140 ширкати сайёҳӣ ва шаш ҳазор ҳунармандону косибон фаъолият дошта, онҳо аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд. Ин нуктаро дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии «Мероси Шоҳроҳи Абрешим- «Рангоранг» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода иброз дошт.

Фестивали мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди саёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Иттифоқи ҳунармандони  Тоҷикистон таҳти сарпарастии  Президенти Федератсияи футболи  Тоҷикистон гузаронида шуда, ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.

Зимни ифтитоҳи фестивали фарҳангӣ Нӯъмон Абдуғаффорзода ҳамзамон иброз дошт, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз оғози Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо тамоми кӯшишу захираҳо истифода гардида истодаанд. Зикр шуд, ки ҳадафи ташкили «Фестивали  байналмилалии Мероси шоҳроҳи  Абрешим»- «Рангоранг» таҳкими мавқеи  кишвар ҳамчун давлати мусоид барои сайёҳон, муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ мебошад.  Гуфта шуд, ки ҳунарҳои дастии мардумӣ дар радифи дигар захираҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳанги миллӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии «ITB-Берлин», «Интурмаркет», «MITT» -и Россия, «ТопРеса»-и Франсия, Форум ва намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» дар шаҳри Сеул, Алмаато, Куала-Лумпур, Салоник, Токио, Тошканд Ӯзбекистон, Риёз, Ҷидда, Доҳа, Лос-Анҷелес ба маърази тамошои дӯстдорони саёҳати Тоҷикистон гузошта шуданд.

Инчунин бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ  давоми сол бо мақсади муаррифии фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ намоишгоҳҳои «Рӯзи заргарон», «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи чакандӯзон» ва инчунин намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти армуғонии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон–ҷаҳони саёҳат» пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ гардонида шуданд.  Ҳамзамон ҳунарҳои мардумӣ дар барномаҳои миллӣ, аз ҷумла, Форум ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Норак, Фестивали сайёҳии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ», «Ҷилваи чакан», Фестивали байналмилалии сайёҳии таомҳо ва пуфакҳои ҳавоии «Пур Нур» дар шаҳриДушанбе  ба таври шоиста таблиғу ташвиқ гардиданд. Фестивали мазкур ба рушди ҳунарҳои дастӣ, нигоҳдории анъана ва расму оинҳои миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар Фестивали байналмилалии  «Мероси шоҳроҳи  Абрешим»- «Рангоранг» аз минтақаҳои гуногуни кишвар косибону ҳунармандон маҳсули дасти  худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд, ки  аз он намояндагони вазорату идораҳои мамлакат,  корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон,  созмонҳои байналмилалӣ  ва ширкатҳои сайёҳӣ  боздид намуданд.

Дар ҳошияи Фестивал  дар мавзӯи «Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ- омили муҳими ҷалби сайёҳон» конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид, ки дар он донишмандону пажӯҳишгарон дар мавзӯъҳои «Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замонии истиқлолияти давлатӣ», «Тоҷикистон дар Шоҳроҳи абрешим», «Осори фарҳангиву таърихӣ дар рушди тиҷорат ва сайёҳӣ» ва «Осорхонаи мардумшиносӣ- муаррифи фарҳанги миллӣ» маърӯза намуданд.

Баргузории Фестивали байналмилалии  «Мероси шоҳроҳи  Абрешим»- «Рангоранг»   барои муаррифии шарикони миллию байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пайваст ва дорои чор пайроҳаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим хеле муҳим буда, самаранок истифода намудани ин бренд баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории Фестивали байналмилалии  «Мероси шоҳроҳи  Абрешим»- «Рангоранг»  дар Душанбе дар ҳолест, ки 29 ноябри соли 2018  дар ҷаласаи солонаи  Дафтари илму  фарҳанги  Созмони Милали Муттаҳид /ЮНЕСКО/, ки дар шаҳри  Порт –Луиси Маврикий доир гардид, як навъи гулдӯзии тоҷикон- чакан ба  рӯйхати  мероси фарҳангии ғайримоддии  башарият шомил карда шуд.