Дар Душанбе Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид

БАРНОМАИ “ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ”, ТЕЛЕВИЗИОНИ “НТВ” ТАОМҲОИ ТОҶИКИРО МУАРРИФӢ МЕНАМОЯД
Ноября 22, 2018
Имкониятҳои сайёҳӣ ва дастранҷи косибону ҳунармандони тоҷик имрӯз дар Фестивали «Рангоранг» муаррифӣ гардид
Декабря 18, 2018
Show all

Дар Душанбе Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид

Захира ва имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар минтақа хеле фаровон аст. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 60 истироҳатгоҳи табобатӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо аз обҳои минералӣ бой мебошанд. Обҳои шифобахше, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, аз элементҳои биокимиёвӣ, менералҳо, калий, магний, натрий ва калсий бой буда, барои бартараф намудани бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд. Ин матлабро имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи  Конференсияи илмию назариявӣ, ки таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид, иброз намуд.

Конференсия ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва коршиносони соҳа иштирок ва маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки оби минералии истироҳатгоҳи табобатии «Хоҷа Оби гарм» ба бемориҳои дил, системаи рагҳои хунгард, торҳои асаб, шуш ва пӯст шифо мебахшад. Ҳамчунин истироҳатгоҳи табобатии «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», ки онҳо манбаи оби минералии ошомиданӣ мебошанд, барои системаи узвҳои ҳозима, ҷигар, роҳҳои талхадон, ғадуди зери меъда тавсия дода мешавад.

Дар баробари ин, оби минералии истироҳатгоҳи «Гармчашма», ки дар ноҳияи Ишкошим воқеъ мебошад, ба нафарони  гирифтори бемории пӯст кумак мерасонад. Инчунин истироҳатгоҳи «Обигарм», ки дорои оби радон аст, барои шахсоне, ки ба бемории узвҳои нафаскашӣ гирифторанд, нафъи зиёд дорад.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, имрӯзҳо ба ҳамаи минтақаҳои дорои обҳои минераливу шифобахш ва дарёву кӯлҳои мусаффо хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, имкониятҳои ин минтақаҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода шуда истодааст.

Дар давоми солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурии мо дар қатори саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ,  саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ-фароғатӣ, саёҳати саноатӣ, тиҷоратӣ ва саёҳати корӣ низ ривоҷ ёфта, мавҷудияти кӯҳҳову доманакӯҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, барои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо нодиртарин дар дунё ба шумор мераванд.

Осоишгоҳҳои Тоҷикистон, аз қабили «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», «Чашмаи Биби Фотимаи Заҳро», «Авҷ» ва «Ямчун» мебошанд, ки дар заминаи обҳои шифобахш ва минералӣ бунёд гардидаанд ва барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Ин мавзеъҳо бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ, хизматрасонии маданӣ ва маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маъмуланд.

Ба андешаи коршиносони соҳа, ҳамасола саноати сайёҳӣ дар ин минтақаҳо рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси осоишгоҳҳо боз ҳам тараққӣ мекунад ва ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар кори конференсия намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зикр карданд, ки воқеан,  обу чашмаҳои табобатии Тоҷикистон барои касалиҳои дил ва рагҳои хунгард, узвҳои такя ва ҳаракат, системаи асаб, пӯст, артрид, радикулит ва дигар бемориҳо муфид буда, барои ривоҷу равнақи  сайёҳии экологӣ ва табобатию солимгардонӣ имкониятҳо фаровон аст.

Академик Ғиёсуддин Мироҷев  дар мавзӯи «Фарбеҳӣ ва бемориҳои ҳозима», мудири кафедраи эндокринологиии МД таълимии Донишкади таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломат Қосимова дар мавзӯи «Фарбеҳӣ-сабабҳои пайдоиш ва пешгирии он», номзади илмҳои тиб, профессори кафедраи бемориҳои дил ва фармакологияи клиникии МД таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикрулло Раҳимов ва директори МД Маркази ҷумҳуриявии ғизо Ҳотамбек Хайров дар мавзӯи «Нақши сайёҳӣ ва ғизо дар пешгирии бемориҳо» ва сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурилло Зоидбоев маърӯза намуданд.

Дар хотима атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули андеша сурат гирифт.

script src=yastatic.netes5-shims0.0.2es5-shims.min.jsscript
script src=yastatic.netshare2share.jsscript
div class=ya-share2 data-services=vkontakte,facebook,odnoklassniki,moimir,gplus,twitter,viber,whatsapp,skype,telegramdiv