БАРНОМАИ “ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ”, ТЕЛЕВИЗИОНИ “НТВ” ТАОМҲОИ ТОҶИКИРО МУАРРИФӢ МЕНАМОЯД

Дар Душанбе Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид
Ноября 9, 2018
Дар Душанбе Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид
Декабря 4, 2018
Show all

БАРНОМАИ “ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ”, ТЕЛЕВИЗИОНИ “НТВ” ТАОМҲОИ ТОҶИКИРО МУАРРИФӢ МЕНАМОЯД

Табиати хушманзар, таомҳои лазизи Тоҷикистон, обҳои равон, маҳсулоти хӯрокаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, меваҳои шаҳдбор, чеҳраҳои кушоду меҳмоннавозии тоҷикона, либосҳои миллии занона ва тоқиҳои чакан, расму оинҳои қадимаи тоҷикӣ, маҳорати баланди кадбонуҳои тоҷик барои омода намудани таомҳои миллӣ, имконияти машғул шудан ба сайёҳии куҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ, экологӣ ва табобатӣ ҳамеша меҳмонону сайёҳони ба кишвар ташрифовардаро ба худ ҷалб сохта, таассуроташонро дар шабакаҳои телевизионӣ ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷолибу рангин баён менамоянд.

Дар давоми соли равон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо мақсади тарғибу ташвиқи табиати нотакрор, мероси бойи таърихию фарҳангии кишвар як қатор шабакаҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳониро ҷалб намуд.

Дар ин радиф аз 1 то 5 октябри соли равон телевизиони “НТВ”-и Федератсияи Россия бо мақсади таҳияи барномаи “Поедем, поедим!”, ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла таомҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд.

Зимни сафар ҳайати эҷодии барнома аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Инчунин, тарзи омода намудани таомҳои миллиро аз қабили оши палав, қурутоб, тандуркабоб ва намудҳои гуногуни хӯришҳоро ба навор гирифтанд.

Пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии хӯрокҳои миллӣ ва соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз барномаи мазкур аз гӯшаву канори гуногуни Федератсияи Россия ва ҷаҳон зиёда аз 200 маротиба пахш гардида, тамаддуну фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии як қатор кишварҳоро ба монанди Куба, Япония, Норвегия, Финландия, Венгрия, Британияи Кабир, Фаронса, Шветсария, Латвия, Сингапур, Кения, Муғулистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Арманистон ва ғайраҳо муаррифӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки барномаи «Поедем.поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, тирамоҳи соли 2016 сазовори ҷоизаи байналмилалии “National Geographic Traveler Awards 2018” дар номинатсияи “Барномаи беҳтарин дар бораи саёҳатҳо” сазовор гаштааст.

Ҳаводорон ва тамошобинони барномаи “Поедем, поедим!” имконият доранд рӯзи 24 ноябри соли 2018, соати 13:05 ба вақти Москва ва 15:05 ба вақти маҳаллӣ намоиши мазкурро оид ба Тоҷикистон тамошо намоянд. Ҳамзамон, барнома тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб”, “Фейсбук” “Инстаграмм” ва дигар порталҳои таблиғотӣ дастрас мегардад.

https://www.ntv.ru/video/1662486