Дар Душанбе Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Октября 17, 2018
БАРНОМАИ “ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ”, ТЕЛЕВИЗИОНИ “НТВ” ТАОМҲОИ ТОҶИКИРО МУАРРИФӢ МЕНАМОЯД
Ноября 22, 2018
Show all

Дар Душанбе Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар Форуми мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин  Орумбекзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдусалом Мирзозода ва роҳбарони дигар муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳ ва ҳунару маҳорати донишҷӯёни ихтисоси соҳаи сайёҳӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳо,  аз ҷумла сайёҳӣ ноил гардид.

Имрӯз дар 14 муассисаи олии таълимии Тоҷикистон 2112 нафар ва 550 нафар дар коллеҷҳо аз рӯи 6 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳадафи асосии баргузории Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» -ин мусоидат ба такмили қобилиятҳои таҳлилӣ ва таҳқиқии донишҷӯёни соҳаи сайёҳӣ мебошад. Зеро имрӯз бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос- донандаи хуби забон, фарҳанг, таърих, технологияи муосир, такмили ихтисос ва тақвияти неруи инсонӣ хеле зарур аст.

Ҳамзамон дар доираи форум як қатор озмунҳо-намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, акси беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва беҳтарин рӯнамоӣ, ки қаблан эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.