«ОСМОНИ РАНГОРАНГИ ПУР-НУР» ДАР ДУШАНБЕ! Фестивали пуфакҳои ҳавоӣ ва хӯрокҳои болаззат барои сокинону меҳмонони пойтахт лаҳзаҳои нотакрору хотирмон ҳадя намуд

«ОСМОНИ РАНГОРАНГИ ПУР-НУР» ДАР ДУШАНБЕ! Фестивали пуфакҳои ҳавоӣ ва хӯрокҳои болаззат барои сокинону меҳмонони пойтахт лаҳзаҳои нотакрору хотирмон ҳадя намуд
Сентября 22, 2018
БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи сайёҳии байналмилалии «IFTM TOP RESA»-и Фаронса муаррифӣ мегарданд
Сентября 25, 2018
Show all

«ОСМОНИ РАНГОРАНГИ ПУР-НУР» ДАР ДУШАНБЕ! Фестивали пуфакҳои ҳавоӣ ва хӯрокҳои болаззат барои сокинону меҳмонони пойтахт лаҳзаҳои нотакрору хотирмон ҳадя намуд

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр дар саросари олам таҷлил карда мешавад, дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Адолат-2010» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Фестивали пуфакҳои ҳавоӣ ва хӯрокҳои болаззат таҳти унвони «Осмони рангоранги Пур-Нур» баргузор гардид. Фестивали мазкур аз соати 15:00-и имрӯз оғоз гардида, давоми ду рӯз идома меёбад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, ҳунармандони ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таблиғ намудани пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳуввияти миллӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани симои мамлакат ҳамчун сарзамини дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мебошад.
Роҳбарияти Кумита ҳамчунин сокинони пойтахтро бо пазируфта шудани шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар Саммити навбатии Федератсияи мазкур, ки 7-9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, табрик намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар назди иштирокдорони фестивал баромад намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки мояи ифтихор аст, ки симои шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд.
Дар фестивали мазкур намояндагони тарабхонаҳову қаҳвахонаҳои мамлакат ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе ба иштирокдорон таомҳои гуногун пешкаш карда, барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ, озмунҳо, мастер-классҳо ва тренингҳо баргузор гардид.
Барои иштирокдорони фестивал қисмати аз ҳама ҷолиби ин чорабинӣ аз ҷониби ҳавонавардҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба осмон сар додани пуфакҳои ҳавоӣ буд. Фестивали мазкур бо барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ анҷом ёфт.