Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд

«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ»- таҳти ин унвон дар шаҳри Норак форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Августа 30, 2018
ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА УЗВИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРҲОИ ТУРИСТӢ (WTCF) ПАЗИРУФТА ШУД.
Сентября 14, 2018
Show all

Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Рӯзҳои 30 ва 31 август дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамоиш ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ доир гардид.

Бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишвар санаи 30 август саёҳати меҳмонон ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода сурат гирифт. Ҳайати меҳмонон, ки Президенти Ассотсиасияи дӯстии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Ли Ок Рён, Котиби генералии “Иттиҳоди шаҳрҳои Шоҳроҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин” Ду Минг Хао, Директори ширкати “Маркетинги соҳаи сайёҳӣ”-и Давлати Кувейт Саад-Ал –Адванӣ ва гурӯҳи эҷодии телевизиони  “КБС”-и  Ҷумҳурии Корея низ шомили он буданд, нахуст ба шаҳри Турсунзода рафта, аз боғи ангури яке аз деҳқонони номвари кишвар Бобои Неъмат дидан намуда, оид ба тарзи парваришу нигоҳубини он бо ӯ ҳамсуҳбат гаштанд.

Зикр гардид, ки дар ин боғ зиёда аз 15 навъи ангур парвариш карда мешавад ва ба кишварҳои Осиё Миёнаву Федератсияи Русия ба фурӯш бароварда мешавад. Тамошо ва тамъи шаҳдбори навъҳои мухталифи ангур меҳмононро ба ваҷд овард.

Баъдан меҳмонон аз Қаълаи Ҳисор дидан карда, аз таърихи ин макони куҳанбунёд огаҳӣ пайдо намуданд. Зимни тамошои осорхонаи  таърихии Қалъаи Ҳисор ба маълумот оид ба шакли сохти мадрасаи аҳди қадими мардуми тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

31 август Ҳамоиши  байналмилалӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Раиси шаҳри Норак, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Корея, Австрия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Британияи Кабир, Қувайт, Чин ва Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор шуд.

Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода  Ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки шаҳри Норак ҳамчун шаҳри энергетикӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ мебошад. Иншооти калонтарини гидроэнергетикии кишвар НБО «Норак», соҳили обанбори Норак, табиати афсункори ин ҷо ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб месозад.

Ҳамзамон намояндаи Ҳукумати мамлакат – сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Наботова  ба сухан баромада, перомуни ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои нотакрори табиати биҳиштосоямон таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ корҳои мушаххасеро анҷом дода истодааст.

«Бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳот дар бахши сайёҳӣ, аз қабили ҷорӣ намудани тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, пешниҳоди тартиби соддаи воридшавии сайёҳон ба шаҳрвандони 112 давлати дунё, то 10 рўз тамдид намудани муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, дар тули панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳидаи давлатӣ дар бахши сайёҳӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият доданд, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 135 давлати ҷаҳон сайёҳон ташриф оварданд ва ин раванд аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун сарзамини дорои имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ будани кишварамон шаҳодат медиҳад»,-гуфт Н. Абдуғаффорзода.

Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаллама Қодирова, Роҳбари Агентии рушди байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Хидеки Танабе, Роҳбари Ассотсиасияи дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Ли Ок Рён ва Котиби генералии “Иттиҳоди шаҳрҳои Шоҳроҳи Абрешими Ҷумҳурии Мардумии Чин”  Ду Минг Хао маърӯза намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯз  Ҳамоиш кори худро дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои «Сайёҳии экологӣ ва муолиҷавӣ-яке аз омилҳои рушди устувор», «Ташаккули арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунармандӣ ҳамчун омили ҷалби сайёҳон», «Роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон» ва «Саҳми шарикони рушд дар соҳаи сайёҳӣ» идома дода, иштирокдорон дар доираи мавзӯъҳои болозикр мубодилаи афкор намуданд.

Баъдан меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба сайри маконҳои сайёҳии шаҳри Норак рафтанд.