«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ»- таҳти ин унвон дар шаҳри Норак форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои журналистони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ муваффақона баргузор гардиданд
Августа 14, 2018
Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Сентября 3, 2018
Show all

«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ»- таҳти ин унвон дар шаҳри Норак форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад

?????????????

Рӯзҳои 30-31 августи соли равон дар шаҳри Норак бо иштироки роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Корея, Австрия, Қазоқистон, Чин, Кувайт ва Тоҷикистон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин дуввумин форум ва намоишгоҳи байналмилалиест, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд.

Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯзҳои 30-июн ва 1-июл дар шаҳри Исфара багузор шуда буд, ки дар натиҷаи он 21 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.