Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои журналистони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ муваффақона баргузор гардиданд

Дар Душанбе Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардид
Августа 3, 2018
«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ»- таҳти ин унвон дар шаҳри Норак форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Августа 30, 2018
Show all

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои журналистони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ муваффақона баргузор гардиданд

10 -11 август соли равон дар Душанбе  Тоҷикистон ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии ИДМ ширкат намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокдоронро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт.

Раиси Кумита дар мавзӯи «Низоми сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба дастовардҳои назарраси соҳа, ки тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба даст омаданд, ёдовар шуд.

Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода доир ба иқдомҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ ибрози назар кард. Зикр шуд, ки маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат бахши сайёҳӣ устувор густариш меёбад.

Далели ин гуфтаҳо таъсиси сохтори соҳавӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон намудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Ҳамзамон дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии танзимкунандаи бахши сайёҳӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.

Инчунин аъзоёни Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ перомуни “Иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати татбиқи Стратегияи рушди ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020” маълумот доданд.

Иштирокдорони ҷаласаи мазкур ахбороти Кумитаи иҷроияи ИДМ-ро перомуни тасдиқи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти сайёҳӣ барои солҳои 2021-2030 шуниданд.

Иштирокчиён дар мавзуъҳои рушди сайёҳӣ маърӯзаҳо намуданд.

 

Аз ҷумла, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналхалқии Агентии федеролӣ оид ба сайёҳии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия Теодорович С.А. дар мавзӯи “Рушди ташкили саёҳати кӯдакону ҷавонон” маърӯза кард.

Оид ба таҳкими ҳамкориҳои узви ИДМ ҷиҳати омодасозии роҳбаладон Консули фахрии Ҷумҳурии Арманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Смбат Ованесян баромад намуда, атрофи ин мавзуъ миёни аъзоёни Шӯро мубодилаи афкор сурат гирифт.

Раиси Кумитаи саноати сайёҳии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурзамадиева М.С. дар мавзӯи “Таҳкими сохтори институтсионалии идоракунии бахши туризм” баромад намуд.

Перомуни “Тадбирҳо оид ба тақвият додани ҷараёни интиқоли сайёҳон дар бозори дохилии кишварҳои ИДМ, талошҳо ҷиҳати таҳияи маҳсулоти якҷояи сайёҳӣ ва баровардани он ба бозори ҷаҳонӣ” бошад, муовини Раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон Аккулов А.У. маълумот дод.

Инчунин, иштирокчиёни ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ намуданд.

Дар охир фаъолияти Шӯрои мазкур аз ҷониби иштирокдорон муҳим ва муфид арзёбӣ шуда, раисикунандаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ Мурзамадиева М.С., раиси Кумитаи саноати сайёҳии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардида, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2019 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карда шавад.

Дар доираи кори Шӯро ролики тарғиботии 15 дақиқагӣ, ки дар он тамоми захира ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, барои иштирокчиёни нишаст намоиш дода шуд.

Баъд аз анҷоми қисмати расмии ҷаласаи навбатии Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ иштирокчиён аз маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе бо шумули Боғи Устод Рӯдакӣ, боғи Парчами миллӣ, Нишон, Кохи Наврӯз ва бозори Меҳргон дидан намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки  дар доираи баргузории  ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сайру сайёҳат — пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии кишвар гузаронида шуд.

Дар он намояндагон-хабарнигорони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар» ва АМИӮ «УзА» иштирок намуданд.

Санаи 11 августи соли ҷорӣ дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ сайру саёҳати пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода ташкил карда шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистн ба мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор сафар намуданд.

 

Ҳангоми тамошои ин макони сайёҳиву таърихӣ, ки зери роҳбаладии масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, оид ба таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва давраҳои гуногуни он маълумоти зарурӣ пайдо карданд.

Меҳмонону сайёҳони хориҷӣ на танҳо бо деворҳои  Қалъаи Ҳисор, балки бо арк ва майдонҳои он, хона,  майдони машқи сарбозон ва аспони онҳо шинос шуданд.

Онҳо ҳамчунин аз нигораҳои Осорхонаи таърихии водии Ҳисор дидан карданд. Сайёҳон ҳамчунин бо сохтмон ва меъмории биноҳои Масҷиди сангӣ, Мақбараи Махсуми Аъзам аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Фурӯши армуғонҳои гуногун, зардӯзиҳо, тоқӣ ва рӯймолҳои дӯхти тоҷикона яке аз самтҳои дигари фаъолияти Қалъаи Ҳисор муаррифӣ карда шуд.

Диретори Департамент оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Андрей Молчан андешаҳои худро оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи Қалъаи Ҳисор” изҳор намуда, қайд намуд, ки мундариҷаи маълумотномаи роҳблади Қалъаи Ҳисор Акмал Ҳомидов аз ҷиҳати таърихӣ хеле ҷолиб мебошад.

Тамоши ин мавзеи таъихии кишвар ба иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва рӯзноманигорон таассуроти зиёд бахшид. Дар ҳамин рӯз саёҳати меҳмонон ба боғҳои шаҳдбори ангур дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд.

Таваҷҷуҳи меҳмононро беш аз ҳама ангурбоғи деҳқонони муътабари ҷумҳурӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” Неъматулло Усмонов ҷалб намуд.

Сайёҳон аз тамошои токзори Ҳоҷӣ Неъмат ба ваҳд омад омада буданд, ба роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бо саволҳои гуногун муроҷиат карда, ба хулосае омаданд, ки боғҳои Тоҷикистон, меваҳои шаҳдбори он, хусуан ангурҳои водии Ҳисор ҷузъе аз саноати сайёҳӣ мебошанд.

Новобаста аз он, ки чунин ҷаласа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст баргузор гардид, иштирокдорон ба ташкил ва баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” басо рамзӣ буда, он дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ нақши бориз дорад.