Дар Душанбе Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардид

«ҶИЛВАИ ЧАКАН» ДАР ДУШАНБЕ. Имрӯз дар Боғи устод Айнӣ намоиши фарҳангию сайёҳӣ баргузор гардид
Июля 9, 2018
Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ ва пресс-тур барои журналистони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ муваффақона баргузор гардиданд
Августа 14, 2018
Show all

Дар Душанбе Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардид

Аз 2 июл то 2 августи соли равон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Намоишгоҳи якмоҳаи маҳсулоти ҳунармандиро баргузор намуд.

Намоишгоҳи мазкур дар толори «Галереяи санъати муосири Тоҷикистон» воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» баргузор шуда, дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар маҳсули дасти хешро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳ миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва мағозаҳои фурӯши армуғон қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи яке аз иштирокдорони намоишгоҳ, узви  «Оилаи ҳунармандон» Фароғат Назарова, ин намоишгоҳ ба онҳо имкон дод, ки маҳсулоташон ба фурӯш равад. Сайёҳон ба онҳо ҷиҳати омода намудани намунаҳои нави маҳсулоти дастӣ тавсияҳо додаанд.

«Тӯли ин як моҳ тавонистам маҳсулотамро ба фурӯш гузорам ва аз фурӯши он ба худ фоидае ба даст орам. Тамоми сарулибос ва лавозимоти мактабии кӯдаконамро бо маблағи бадастовардаам харидорӣ намудам ва аз Пешвои миллат барои дастгириашон нисбат  ба ҳунармандон сипосгузорам»-гуфт Ф. Назарова.

Имрӯз бо кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дубора эҳё гардида, ҳунармандон дар ҷомеа мақоми хос пайдо мекунанд. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифи симои сайёҳии кишвар буда, ҳунармандӣ бо сайёҳӣ тавъаманд.

«Бояд гуфт, ки на ҳама ҳунармандон имкони маҳсулоти худро ба фурӯш баровардан ва ё мағозаеро баҳри савдо кироя гирифтан доранд. Намоишгоҳи якмоҳа ба ҳунармандон имкон дод, то бидуни ягон ташвиш ба фурӯш ва муаррифии маҳсули дасти худ машғул шаванд», омадааст дар хабари Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Яке аз иштирокчиёни фаъоли ин намоишгоҳ Давлатбӣ Ёдгорова 35 сол мешавад, ки ба донишҷӯён дар мавзӯи ҳунармандӣ дарс мегӯяд ва дар бисёре аз намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳсули дасти худ ширкат варзидааст.

«Ман ифтихор дорам, ки соҳиби чунин ҳунар ҳастам ва  маҳсули дасти маро сайёҳон ба тамоми гӯшаю канори дунё мебаранд ва аз рӯи гулдӯзию чакандӯзӣ миллати моро мешиносанд. Ба роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин имкони мусоид изҳорӣ миннатдорӣ менамоям. Чор фарзанди ман донишҷӯ ҳастанд ва тамоми харҷу дахли рӯзгори ман аз рӯи ҳунарам аст»-мегӯяд Давлатбӣ Ёдгорова.

Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки ҳар як сайёҳ ҳангоми будубош дар фикри дарёфти армуғон бо унсурҳои миллӣ мешавад. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ аз андоз озод карда шуд. Ин иқдоми созанда ба эҳё ва рушди ҳунарҳои асили дастӣ мусоидат намуда, арзиши аслии маҳсулотро коҳиш медиҳад ва роҳро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад.

«Бароям хеле ҷолиб буд, вақте ки шаҳрвандони кишварҳои араб ҷӯробҳои помирӣ мехариданд. Кишвари онҳо ку гарм аст, вале чун ин ҳунари дастӣ дар назарашон хеле ҷолиб менамояд бо шавқ харидорӣ мекарданд. Ман тамоми ҷӯробҳои тайи як сол омодакардаамро фурӯхтам ва дар рӯзҳои охир барои фурӯш дигар ҷӯроб намонда буд. Илвоа бар ин, тамоми маҳсулоти мо хеле хуб ба фурӯш рафт. Аз роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон хеле миннатпазирам»- афзуд иштирокчии дигари ин намоишгоҳ Ниёзбегим Ғуломшоева.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ба чанд тан аз иштирокчиёни намоишгоҳ ҷиҳати иштироки фаъолона дар намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ

Сипосномаи Кумитаро тақдим намуда, иброз дошт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти кумита қарор дорад ва баҳри дастгирии ҳунармандони кишвар якчанд нақшаю чорабиниҳои тозае низ таҳия гардидаанд, ки дар давоми сол татбиқ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати дастгирӣ, тарғибу ташвиқи арзандаи намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунармандон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумита, дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт низ мунтазам баргузор карда мешаванд. То имрӯз «Рӯзи заргарон», «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи чакан» баргузор гардида, баргузории  «Рӯзи чубтарошон», «Рӯзи чармгарон», «Рӯзи атласу адрас», «Рӯзи косибон» ва ғайра дар назар аст.