Меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи об аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд

Дар маҳаллаи “Бадахшон 2”-и шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт
Июня 25, 2018
Иштирокдорони Фестивали «Марҳабо ба Суғди бостон»: баҳри таҳкими дӯстӣ чунин ҳамоишҳо бояд доимӣ бошанд
Июля 4, 2018
Show all

Меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи об аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёда 300 нафар меҳмонони сатҳи олии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла, Галереяи санъати муосири миллӣ, воқеъ дар бинои «Душанбе мол» (Ашан), Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Роғун ва Норак ба тамошо бурд.

Зимни тамошои ин маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва истироҳатӣ меҳмонон оид ба тамаддуни бою пурғановати миллати тоҷик миёни ҳам суҳбат оростанд. Маълум гардид, ки аксари онҳо аз таърихи куҳани миллати мо маълумоти кофӣ доранд ва тоҷиконро ҳамчун як миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун мешиносанд.

Қобили зикр аст, ки Қалъаи Ҳисор дар баробари дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон миёни сайёҳони хориҷӣ маъмулу машҳур аст. Меҳмонон аз мадраса, осорхона ва қалъаи Ҳисор дидан намуданд.

Шаҳри Норак барои рушди сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ ва рафтинг имкониятҳои васеъ дорад.

Зимни боздид меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз имкониятҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии шаҳрҳои Нораку Роғун таассуроти хотирмон гирифтанд.

Меҳмононро зимни сафар ба Қалъаи Ҳисор ва шаҳрҳои Нораку Роғун намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуда, волонтёрҳои назди Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳайси роҳбалад оид ба таъриху имкониятҳои ин маконҳои сайёҳӣ ба меҳмонон маълумот доданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» рӯзҳои 20-21 июни соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо ширкати 1500 нафар  меҳмонон аз 120 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Дар кори Конфронс сарони як қатор кишварҳо ва намояндагони Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, бо шумули Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Жэнмин, Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) Мария Чатардова, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Раиси механизми «СММ- захираҳои обӣ» Жилбер Унгбо ва Ёвари Дабири кулли СММ ва Ҳамоҳангсози ҷунбиш барои тақвияти таваҷҷуҳ ба мушкилиҳои озуқаворӣ Герда Вербург дар кори Конфронс ширкат ва суханронӣ намуданд.