Дар Тоҷикистон пояҳои ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ ташаккул меёбанд

Захираҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои рушди онҳо баррасӣ гардиданд
Мая 28, 2018
Дар Душанбе масъалаи ҷалби бештари сайёҳони Россия ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Июня 7, 2018
Show all

Дар Тоҷикистон пояҳои ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ ташаккул меёбанд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар кишвар бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, аз ҷониби он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” таҳия карда шуд.

Гурӯҳи корӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Қонуни мазкурро бо доираи васеи ҳунармандон мавриди баррасӣ қарор дод. Мақсади аслии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот, маҳсулот, молҳо, корҳо, хизматрасониҳои самти ҳунармандӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ, ҳамчун соҳаи мустақил ва фарогирандаи ҷанбаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди шабакаҳои истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва некуаҳволии мардум, тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, инчунин маснуот, маҳсулот ва хизматрасонии самти мазкур мебошад.

Бо кумаку дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандоне, ки дар хона ба истеҳсолот машғуланд, аз тамоми намудҳои андоз озод карда шудаанд. Ин имтиёз боиси рушди ҳунарҳои мардумӣ, поин рафтани арзиши аслии маҳсулот ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик мегардад.

Бояд зикр намуд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём ба ҳунармандӣ машғул буда, ҳунармандон ҳамешаву дар ҳама ҷо соҳибэҳтиром буданд. Намунаи ҳунарҳои қадимии миллати тоҷик ба мисоли кулолгарию оҳангарӣ, бофандагию ресандагӣ, чакандӯзию косибӣ ва ғайра зимни ковишҳои бостоншиносӣ пайдо гардидаанд, ки таърихи хеле куҳан доранд.

Бо мақсади баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур ва ба инобат гирифтани андешаву пешниҳоди худи ҳунармандон қаблан низ чандин чорабиниҳои мухталиф ва ҳамоиш бо доираҳои ҳунармандӣ дар минтақаҳо, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои ҳунармандӣ ва худи ҳунармандон баргузор шуда, хулосаҳои ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ ба гурӯҳи корӣ пешниҳод гардида буд.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” барои рушду нумуи фарҳанг, тамаддун ва эҷодиёти пурғановати мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият дар ин самт ҳамчун омили рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

?