Захираҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои рушди онҳо баррасӣ гардиданд

Дар Тошканд иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Мая 16, 2018
Дар Тоҷикистон пояҳои ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ ташаккул меёбанд
Мая 31, 2018
Show all

Захираҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои рушди онҳо баррасӣ гардиданд

Бо ташаббуси Шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 24 майи соли 2018, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронс дар мавзӯи “Захираҳои сайёҳии Тоҷикистон омили рушди иқтисодиёт” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии минтақа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳо, донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок доштанд.

Дар кори Конфронс мудири Шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Баҳридддин Азизов дар мавзӯи  “Захираҳои сайёҳии минтақа ва роҳҳои рушди он”, муовини ректори Донишгоҳи тиббии Хатлон Шамсулло Аҳадов дар мавзӯи “Туризм бо ҷомеаи шаҳрвандӣ”, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Шералӣ Гадоев  дар мавзӯи  “Сайёҳии экологӣ дар минтақаи Дашти Ҷум” бо рунамо маъруза намуданд. Инчунин, намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақа оид ба захира ва имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои худ суханронӣ намуданд.

Сипас миёни иштирокчиён доир ба мавзуъњои матрањгашта ва љанбањои муњими соҳаи сайёҳӣ дар минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур дар тараққӣ ёфтани соҳаи сайёҳии минтақа ва  ҳавасманд гардонидани соҳибкорон ба рушди сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.