В Ташкенте прошла презентация туристического потенциала Таджикистана
Мая 16, 2018
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мая 16, 2018
Show all

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбурд ва амалисозии ташаббусҳо барои рушди сайёҳӣ дар сатҳи маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Рӯзи 15-уми май дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Пешбурд ва амалисозии ташаббусҳо барои рушди сайёҳӣ дар сатҳи маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳо ва созмонҳои сайёҳӣ, шарикони рушд ва ҳунармандон иштирок доштанд.

Мақсад аз чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар маҳалҳои ҷумҳурӣ ба шумор рафта, онҳо тавассути рӯнамоҳо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд. Лоиҳахои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ амалӣ карда мешаванд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида лоиҳаҳои мазкур ба самти сайёҳии экологӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ равона гардида, тибқи натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳо дар маҳалҳо утоқҳои қабули сайёҳон, маводҳои иттилооти сайёҳӣ, харитаи сайёҳии ноҳияҳо ва хатсайрҳо таҳия гардида, инчунин марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, семинару омӯзишҳо барои баланд бардоштани фарҳанги сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон баргузор карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он дар маҳалҳо яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин росто, дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар маҳалҳо корҳои муайян анҷом ёфта истодаанд.

Чунин ташаббусҳо дар ноҳияҳои Ховалинг, Ш.Шоҳин, Айнӣ, Мурғоб ва Лахш амалӣ гардида, минбаъд дар дигар навоҳии кишвар низ татбиқ карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳалҳо рушд намуда, сатҳи фарҳангӣ мардум ҷиҳати пазироии сайёҳон баланд бардошта шавад.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳияи Ховалинг хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия таъсис ёфта, бунёди меҳмонхона бо арнаментҳои миллӣ барои сайёҳон, ва рушди менеҷменти туризм миёни аҳолӣ тавассути семинару омӯзишҳо амалӣ карда мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб бошад, рӯйхати ҳунарҳои мардумӣ тартиб дода шуда, сайёҳии экологӣ тавассути баргузории намоишгоҳҳо муаррифӣ ва тарғиб карда мешавад. Дар ноҳияи Лахш хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар самти сайёҳии куҳнавардӣ ва шикор омода мегардад.

Қобили зикр аст, ки сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли дигар кишварҳои сайёҳӣ нисбат ба сайёҳии хориҷӣ бештар буда, шумораи сайёҳони дохилӣ 466 ҳазор нафарро дар соли 2017  ташкил додааст.