Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон»

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мая 16, 2018
Дар Тошканд иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Мая 16, 2018
Show all

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон»

Кумиати рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ озмуни ҷумҳуриявии «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» миёни ҷавонони фаъоли кишвар баргузор намуд, ки дар натиҷа 7 лоиҳаи беҳтарин ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Озмуни мазкур бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Бо мақсади муаррифии лоиҳаҳо ва муайян намудани ғолибони озмун Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишеро дар толори меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсии шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур  роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносон ва ҳунармандон ширкат варзиданд.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур асосан  замимаҳои мобилӣ дар самти сайёҳӣ буда, аз миёни 7 лоиҳа ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм аз ҷониби ҳайати комиссияи озмунӣ интихоб гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили лептоп, смартфон ва планшет ва дипломи озмун сарфароз гардонида шуданд. Ҷойи якумро гурӯҳи “Hi Cenrtal Asia” ишғол намуда, ҷойи дуюм насиби тими “Tajtourism” гардид ва зинаи сеюмро бошад, дастаи “Kujo Go” ба даст овард. Озмуни ҷумҳуриявии «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» дар се самт,

таҳияи пешниҳодҳои сайёр оиди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон;

-тиҷоратикунонии ҳунарҳои мардумӣ;

-тарҳрезии маводҳои сайёҳӣ;

сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он кӯмак намудан ба мутахассисони ҷавон дар таҳияи лоиҳаҳо ва пайдо намудани андешаҳои нав барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо тарғибу ташвиқи васеи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва хизматрасониҳо дар ин самт тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле самаровар аст.

Мусаллам аст, ки дар асри техникаву технология бидуни навовариҳои техникӣ ба таври дилхоҳ рушд кардан ғайриимкон аст ва баргузории чунин озмуну дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ аз манфиат холӣ нест.