Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон»
Мая 16, 2018
Захираҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои рушди онҳо баррасӣ гардиданд
Мая 28, 2018
Show all

Дар Тошканд иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Тоҷикистон иқтидори сайёҳии ҷухмуриро дар Тошканд муарифӣ намуд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчубаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Чи тавре аз департаменти итилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ба ин чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Тошканд, инчунин воситаҳои ахбори маҳаллӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ даъват шуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон  С. Имомӣ дар бораи нерӯи кишавар дар соҳаи сайёҳӣ, тадбирҳои Ҳукмати Ҷуҳмурии Тоҷикистон оид ба рушди инфрасохтори соҳа, шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва сайёҳони хориҷӣ суханӣ намуд.

Сафир инчунин дар бораи зарурияти густариши ҳамкории дуҷониба бо Ӯзбекистон, аз чумла дар самти ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти муштарак  иброз дошт.

Роҳбарони маҷмааи меҳмонхона дар маркази таълимии Бонки миллии Точикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Шаҳристон ба ҳозирин дар бораи имкониятҳои хеш нисбат ба қабули меҳмонон, барномаҳои сайёҳии тамошои  иншоотҳои   фарҳангӣ ва фароғатӣ сухан ронданд.

Дар ҷорабинӣ сабтҳои видиоӣ доир ба  иншоотҳои табиӣ, фаҳрангӣ ва фароғатӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории Тоҷикистон нишон дода шуданд. Ба ҳозирин ҳамчунин харитаҳои сайёҳӣ, китобчаҳо ва дигар маводҳои чопии иттилоотӣ пешниҳод шуд.