Кумиати рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар вилояти Хатлон Фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳамат ба Хатлон” баргузор гардид.

Намоишгоҳи сайёҳии “Рӯзи оҳангарон” дар Боғи Ирам
Мая 14, 2018
Дар Тошканд иқтидори сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Мая 16, 2018
Show all

Кумиати рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар вилояти Хатлон Фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳамат ба Хатлон” баргузор гардид.

Рӯзҳои 12-13 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар вилояти Хатлон Фестивали фарҳангию сайёҳии “Марҳамат ба Хатлон” ва дар заминаи он дар шаҳри Бохтар Конфронси сайёҳӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ омили пешрафти иқтисоди миллӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз тамоми манотиқи кишвар ҷалб гардида, иштироки фаъолона намуданд.

Тибқи барнома сараввал меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал ба самти шаҳри Кӯлоб раҳсипор шуда, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва истироҳатию сайёҳӣ бо шумули шаҳри Норак, чойхонаи “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, Мамнуъгоҳи таърихӣ- фарҳангии «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Санаи 13 май дар толори донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Конфронси сайёҳӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ омили пешрафти иқтисоди миллӣ” доир шуд, ки дар он роҳбарияти вилояти Хатлон ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа ва ҳунармандон иштирок доштанд.

Зимни суханронии хеш Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дар натиҷаи талошҳои созандаву буёндкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат пайваста зиёд мегардад. “Имтиёзҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  рушди соҳа пешниҳод гардиданд, воқеан ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар ояндаи наздик Тоҷикистонро ба як кишвари сайёҳии аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал мегардонад”- афзуд Н.Абдуғаффорзода.

Дар ин радиф таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ ва истифодаи васеи имкониятҳои бузургӣ сайёҳии вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ гардид.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода аз аҳамияти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва таъсири он ба дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ёдрас шуда, иброз намуд, ки вилояти Хатлон мисоли дигар манотиқи ҷумҳурӣ дорои захираву имконоти бойи сайёҳӣ мебошад ва дар самти рушду нумуи ҳунарҳои мардумӣ низ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Бегоҳии ҳамон рӯз бо иштироки намояндагон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади мусоидат намудан ба устувории рушди сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи доираи намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати фаъол гардонидани хатсайрҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа роҳандозӣ карда мешаванд.

Чунин фестивалҳо дар ВМКБ, вилояти Суғд ва водии Рашт низ, таҳти унвони “Марҳабо ба Суғди бостон”, “Хайрамақдам ба водии Рашт” ва “Пайғому салом аз Боми ҷаҳон” баргузор карда мешаванд.