“Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад…..
Мая 12, 2018
Кумиати рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар вилояти Хатлон Фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳамат ба Хатлон” баргузор гардид.
Мая 15, 2018
Show all

Намоишгоҳи сайёҳии “Рӯзи оҳангарон” дар Боғи Ирам

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳатарам Рустами Эмомалӣ санаи 13 майи соли 2018 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсули ҳунари оҳангарони кишварро таҳти унвони “Рӯзи оҳангарон” пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ намуд.

“Рӯзи оҳангарон” дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба соли  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат гирифта, қаблан “Рӯзи заргарон” баргузор карда шуда буд ва минбаъд низ намоишгоҳҳо таҳти унвони “Рӯзи чармгарон”, “Рӯзи чубтарошон”, “Рӯзи косибон”, “Рӯзи чакандӯзон” ва “Рӯзи атласбофон” идома дода мешавад.

Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои куҳан буда,  дар аҳди қадим талабот ба маҳсули дасти оҳангарон зиёд буд, чаро ки аксари олоти рӯзгор аз оҳан омода гардида, шамшеру лавозимоти зиндагӣ оҳанин буданд.

Оҳангарон асосан кӯчаҳои махсуси худро доштанд ва он ҷо кору зиндагӣ мекарданд. Имрӯз низ дар баъзе манотиқи кишвар кӯчаи оҳангарон мавҷуд аст.

Қобили зикр аст, ки ташкил ва баргузории чорабиниҳои мазкур барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳон ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ нақши бориз дорад. Чунки ҳар як сайёҳ дар баробари мавзеъҳои сайёҳӣ аз ҷойҳои таърихӣ дидан намуда ба ҳунарҳои қадимаи мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Сокинони пойтахт  ва меҳмонону сайёҳон, ки ба намоишгоҳи мазкур ташриф оварда буданд, таассуротҳои худро аз тамошои маҳсули дасти оҳангарон рангину хотирмон арзёбӣ намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур шаҳрвандон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти оҳангарони кишварро доштанд. Бояд тазаккур дод, ки  доир кардани чунин намоишгоҳҳо ба оҳангарон имконият фароҳам меорад, то касбияти баланди хешро ба дигарон  нишон дода, маҳсули заҳматашонро ба фурӯш бароранд. Муваффақияти ҳар як оҳангар дар алоҳидагӣ боиси дар маҷмуъ рушд кардани ҳунари оҳангарӣ ва муаррифӣ шудани он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсири амиқ мегузорад.