Нуъмон Абдуғаффорзода: «Аз ҷониби СММ қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад»
Мая 5, 2018
Намоишгоҳи сайёҳии “Рӯзи оҳангарон” дар Боғи Ирам
Мая 14, 2018
Show all

“Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад…..

Фардо санаи 13 майи соли 2018, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳатарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Рӯзи оҳангарон” баргузор мегардад.

Мақсад аз ташкил ва доир намудани чорабиниҳои мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва баровардани маҳсулоти оҳангарӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ барои сайёҳон  мебошад.

Дар намоишгоҳи мазкур шаҳрвандон ва сайёҳон аз соати 10:00 то 18:00 имкони харидории маҳсули дасти оҳангарони кишварро доранд.