Сайёҳон ва сармоягузорони Қатар ба Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд

Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд
Апреля 24, 2018
Нуъмон Абдуғаффорзода: «Аз ҷониби СММ қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад»
Мая 5, 2018
Show all

Сайёҳон ва сармоягузорони Қатар ба Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд

 

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар рӯзҳои 29-30 апрели соли 2018 дар шаҳри Давҳа форуми сайёҳиро таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” баргузор кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар форум намояндагони вазорату идораҳои Қатар, роҳбарони ширкатҳои саёҳатӣ, сармоягузорон, хабарнигорон ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Давҳа ширкат намуданд.

Форумро Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода оғоз намуда, оид ба рушди ҳамкории судманди Тоҷикистону Қатар ва дурнамои тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф суханронӣ кард.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода муаррифномаи муфассалро оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон манзури иштирокчиён намуд. Маводҳои иттилоотӣ ва наворҳои ҷолиби видеоӣ оид ба имкониятҳо ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ имтиёзҳо ва заминаи ҳуқуқии муносиб муҳайё шудааст. Аз сармоягузорони қатарӣ даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мутақобилан судманд дар рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва саёҳати байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.

Иштирокчиёни форум ба иқтидори бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва куҳнавардию шикор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Ҳамзамон, вохӯриҳои раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Н. Абдуғаффорзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар, раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг»  Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ ва роҳбари маъмурияти сайёҳии Давлати Қатар Ҳасан Абдулраҳмон Ал-Иброҳим баргузор гардиданд. Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои ҷалби сармояи Қатар ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, ташкили давраҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ, табодули таҷриба, тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар ВАО-и Қатар ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба мақсади тавсеаи ҳамкории судманд дар самтҳои мазкур, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми соли ҷорӣ форуми доираҳои соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва Қатар танзим карда мешавад. Ҷониби Қатар ҳамчунин алоқамандии ширкатҳои сайёҳӣ ва доираҳои сармоягузории Қатарро барои иштирок дар чорабаниҳои байналмилалӣ оид ба рушди саёҳат, ки дар шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ баргузор мешаванд, таъкид намуд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки як гурӯҳ ходимони меҳмонхонаҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба шаҳри Давҳа ҷиҳати гузаштани давраҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ сафарбар кардаме шаванд.