Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд

ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРӢ РУШД МЕНАМОЯД
Апреля 18, 2018
Сайёҳон ва сармоягузорони Қатар ба Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд
Мая 2, 2018
Show all

Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд

Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» доир гардид.

Ҳадафи конфронси мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара, аз ҷумла осоишгоҳи «Зумрад», чашмаву обҳои шифобахш ва дигар захираҳои сайёҳии ин шаҳр, инчунин таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад.

Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода зимни конфронс иброз дошт, ки шаҳри Исфара ҳамчун минтақаи наздисарҳадӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ аст. Иншооти сайёҳии Оромгоҳи Амир Ҳамза Ҳастӣ, Мадрасаи Абдулохон ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои нотакрори табиати биҳиштосоямон таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ корҳои мушаххасро анҷом дода истодааст.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид, ки баҳри рушди инфрасохтор, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва тараққӣ додани бахши сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Инчунин, дар конфронси мазкур директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара Абдуманон Раупов дар мавзўи «Муаррифии ёдгориҳори таърихию меъмории шаҳри Исфара ба дўстдорони сайру саёҳат», директори ҶСК «Нилуфар» Набихон Авлиёев дар мавзўи «Ташкили саёҳати саноатӣ», директори пойгоҳи исфарагии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бузуруков дар мавзўи «Агросайёҳӣ дар шаҳри Исфара» ва сармутахассиси шуъбаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара Моҳинисо Мирзоева дар мавзўи «Рушди ҳунарҳои атласу адрасбофӣ дар шаҳри Исфара» баромад намуданд.

Дар анҷоми кори конфронс байни иштирокдорон доир ба мавзўъҳои матраҳгашта ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати имтиёзҳои роҳандозигардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бояд тазакур дод, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рўдҳо ва дарёчаҳои шўх, кўлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданибоби беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Баҳри рушди соҳаи сайёҳии вилоят ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ — деҳаи Панҷрўд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кўлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кўли Калон, Ҳафткўл ва ғайра мусоидат менамоянд. Шумораи умумии иншооти туристии вилоят наздикии 100 ададро ташкил медиҳад.

Айни  замон бо назардошти имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 23 адад субъектҳои хоҷагидор дорои иҷозатнома буда, ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд.