Сайёҳони Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд

Лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Апреля 14, 2018
ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРӢ РУШД МЕНАМОЯД
Апреля 18, 2018
Show all

Сайёҳони Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии бонуфузи ҷаҳон ба имкониятҳои сайёҳии кишвар бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, як зумра ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои бузурги сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар вохўрии мазкур президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон (IATO) Пранаб Саркар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон, бо шумули “Перфект Трейвлз”,  “Инкрейбл Индия”,  “Мера трейвлз”, “Едванча волд” ва дигарон ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, имтиёзҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шуданд, имконияти фарохеро ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам оварда, дар самти густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои олам низ заминаи мусоид ба вуҷуд меоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ шароити якранг барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҷонибҳо аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфта, тартиби ҳамкориро дар ин самт баррасӣ намуданд. Ифтитоҳи хатсайри дуюми ширкати ҳавопаймоии ватании “Тоҷик Эйр” ба самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ва баргузории форуми намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ нуктаҳои муҳими мулоқоти мазкур буданд.

Ба гуфтаи президенти ширкати сайёҳии “Перфект трейвлз” Раҷ Баҷаҷ, танҳо соли гузашта 23 млн нафар аз Ҳиндустон ба кишварҳои мухталифи олам ҳамчун сайёҳ сафар кардаанд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон иброз намуданд, ки минбаъд Тоҷикистонро ба сайёҳон тавсия хоҳанд дод.

Бояд зикр намуд, ки Ҳиндустон аз лиҳози демографӣ яке аз сераҳолитарин кишвари олам баъд аз Чин ба шумор рафта, айни ҳол аҳолии он 1 млрд  340 млн 468 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, сокинони Ҷумҳурии Ҳиндустон сайёҳони иқтидорӣ ба шумор мераванд.