Сайёҳони Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд
Апреля 18, 2018
Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд
Апреля 24, 2018
Show all

ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРӢ РУШД МЕНАМОЯД

Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои соҳаи сайёҳӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар “Соли рушди ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бахусус инфрасохтори сарироҳӣ, бо ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои заруриро ба роҳ мондааст.

Натиҷаи ин ҳамкориҳо имконият фароҳам овард, ки бахшида ба соли “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ ширкати сайёҳии ҶДММ “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Меҳмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад.

Зимни муаррифии имкониятҳои меҳмонхонаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ шудани рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, як қадами устуворест ҷиҳати зиёд гардидани иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ. Сохта ба истифода супорида шудани меҳмонхонаи “Шикорчиён” мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Бояд қайд кард, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дорад.

Сайёҳии шикор дар Тоҷикистон аллакай як навъи маъмули саёҳат ба ҳисоб рафта, барои шикори ҳайвоноти нодир тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешавад. Шикор бо риояи қонунгузорӣ сурат гирифта, аз моҳи апрел то моҳи сентябр давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори ҳайвонот мебошад.

Ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Ноҳияи мазкур ҳамчун минтақаи транзитӣ ба ВМКБ имкони ҷалби сайёҳони зиёдро дорад ва ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур баҳри қабули сайёҳоне, ки бо мақсади шикор ба кишвари мо ташриф меоранд, айни муддаост.

Имрўзҳо бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва то 50% коҳиш додани боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд намуда истодааст.

Вусъат бахшидан ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар ба ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.