«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!”. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид
Апреля 10, 2018
Лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Апреля 14, 2018
Show all

БОЗ ЯК ДАСТГИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, илова ба имтиёзҳои қаблан пешниҳодшуда дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рўйхати иншооти сайёҳие, барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Тибқи қарори мазкур номгўйи иншооти сайёҳӣ муайян карда шуда, воридоти техникаву таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти зерин аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд:

– меҳмонхонаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел);

– осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо;

– марказҳои хизматрасонии маҷмўии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ);

– нуқтаҳои хизматрасонии маҷмўии сарироҳӣ(мотел);

– боғҳои фарҳангию фароғатӣ;

– мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ);

– инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ;

– тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ;

– марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ;

– пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкўҳ барои сайёҳон;

– маҷмааи сайёҳию лижаронӣ;

– марказҳои омўзишӣ барои кўҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ.

Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи босамари имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, амалӣ гардидааст.

Ҳамзамон, имтиёзҳои  зикршуда дастигирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкориҳои самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.