«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!”. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид

«Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»-ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Ваҳдат
Апреля 2, 2018
БОЗ ЯК ДАСТГИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
Апреля 13, 2018
Show all

«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!”. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маъракаи тозакунии мавзеъҳои сайёҳгузар, аз ҷумла, “Панҷакенти қадима”, шаҳри қадимаи “Карон” ва минтақаи истироҳатии Варзоб дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва донишҷӯёни бахшҳои сайёҳӣ баргузор гардид.

Иқдоми мазкур ба хотири омодагиҳо ба мавсими нави сайёҳӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, ки давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, роҳандозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки  сайёҳии экологӣ ё худ экотуризм чунин фазое эҷод мекунад, ки ҳангоми ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ василаи муҳими даромади иқтисодӣ ба аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Иқтидори сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бемаҳдуд буда, бо таъсиси инфрасохтори зарурӣ имконият фароҳам меояд, ки гўшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон дастрас шаванд.

Ташаббуси саҳмгузорӣ дар корҳои тозагӣ, озода намудани мавзеъҳои сайёҳгузар, ҳамчунин бурдани корҳои тарғиботӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.