«Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»-ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Ваҳдат

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Марта 28, 2018
«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!”. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид
Апреля 10, 2018
Show all

«Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»-ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Ваҳдат

31 март бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баҳри ободу зебо намудани мавзеъҳои сайёҳгузар дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамоиши  умумӣ таҳти унвони «Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем» баргузор гардид.

Ҳамоиши тозагӣ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, атрофи мевзеъҳои дараи Ромит дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуд.

Бояд гуфт, ки шаҳри Ваҳдат дорои иқтидори бойи сайёҳии экологӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва шикор саҳми арзанда гузорад.

Дар шаҳр мамнуъгоҳи Ромит ва истироҳатгоҳҳои «Явроз», «Дониш», «Кайҳон», макони сайёҳии «Ёс», мавзеи Канаск ва даҳҳо мавзеъҳои хушманзара мавҷуданд, ки бо ба роҳ мондани  таблиғоти зарурӣ диққати сайёҳони зиёдеро ба тамошои онҳо ҷалб намудан мумкин аст.

Ҳамзамон дар анҷоми шанбегии мазкуроид ба сазовор гузаронидани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбати судманд намуданд.