Бори аввал Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор гардид
Марта 22, 2018
«Якҷо Тоҷикистонро ба сарзамини сайёҳии экологӣ табдил медиҳем»-ҳамоиши тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар дар Ваҳдат
Апреля 2, 2018
Show all

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бори нахуст гуруҳи сайёҳони хориҷӣ аз тариқи қатора ба вилояти Хатлон ташриф меоранд.

Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид,  таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорӣ ва сайёҳӣ барои боздид аз имкониятҳои сайёҳии кишвари мо марҳила ба марҳила афзуда, дар ин ҷода бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, аз қабили кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан, роҳандозии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии мамлакат дар бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.
Натиҷаҳои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи калонтарини байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2018, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ширкат намуда, имкониятҳои сайёҳии Ватанамонро муаррифӣ карданд, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои зиёди ҳамкорӣ бастанд ва иштирок дар ин Намоишгоҳи бонуфузи байналилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард.
Ширкати сайёҳии ватании “Ориент Адвентур” бо ширкати сайёҳии “Lernidee Erlebnisreisen GmbH”-и давлати Олмон ҳамкорӣ ба роҳ монда, ширкати мазкур аз кушода шудани роҳи оҳани Термез – Бохтар (Қурғонтеппа), хеле хушҳол шуда, тасмим гирифтаанд,  ки моҳҳои июн, август ва октябри соли ҷорӣ боздиди 3 гуруҳи сайёҳон, ки ҳар гуруҳ зиёда аз 100 нафар иборат аст, тавассути ин ширкат бо хатсайри зикршуда ба Хатлонзамин ташкил намоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Хатлон  барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ, хеле мувофиқ буда, алахусус мақбараи Мир Саид Али Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Шаршараи “Сари хосор” дар ноҳияи Балҷувон, Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.
Айни ҳол, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ маводҳои зиёди иттилоотӣ аз нашр бароварда шудаанд, ки  маконҳои тамошобоби вилояти Хатлонро фаро гирифта, тариқи ройгон  миёни ҳаводорони сайру саёҳат тавсеа гардида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки ширкати сайёҳии «Lernidee Erlebnisreisen GmbH»  тавассути қатора сайёҳонро ба Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо барои саёҳат хизматрасонӣ намуда, дар соҳаи сайёҳӣ таҷрибаи калон дорад.
Бори нахуст, соли гузашта ширкати ватанӣ як гуруҳи 100 нафараи сайёҳонро, ки аксарияти онҳо аз Амрико буданд, бо хатсайри мазкур бо қатораи ORIENT-SILKROADEXPRESS–и ин ширкат хизматрасонӣ намуда, сайёҳон аз шаҳри бостонии Хуҷанд боздид намуданд.